Ҳалокати як омӯзгору 6 хонанда дар тирпарронии Қазон

Стрельба у школы в Казани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Феълан роҳбари Тотористон дар ҷойи ҳодиса қарор дорад
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Хадамоти амниятии Тотористон аз кушта шудани 7 нафар дар тирпарронии мактаби Қазон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳодиса як омӯзгор ва 6 хонанда кушта шуданд. Эҳтимол теъдоди қурбониён афзоиш меёбад.
Гуфта мешавад, дар ин ҳодиса ҳамчунин беш аз 10 нафар ҷароҳатдор шуданд.
Стрельба в Казанской 175 гимназии - youtube
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Таркиш ва тирпарронӣ дар мактаби Қазон: теъдоди қурбониён дақиқ мешавад - навор
Ёдовар мешавем, ки таркиш ва тирпарронӣ дар мактаби рақами 175 - и шаҳри Қазон дар кӯчаи Файзӣ сурат гирифт.
Хадамоти ҳолатҳои фавқулода мушаххас мекунанд, ки тирпарронӣ аз ҷониби як наврас кушода шудааст ва ӯ ҳоло дар боздошт қарор дорад.
Манобеи РИА Новости менависад, ҳоло роҳбари Тотористон Рустам Маннихонов ва вазири тандурустӣ Марат Содиқов дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала