Сели даҳшатбор дар Кӯлоб: "аз 9 ҷасади пиру барно гузориш дода шуд" - видео

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузаштан ба хазинаи аксПодмытая ливнями дорожное полотно на трассе, архивное фото
Подмытая ливнями дорожное полотно на трассе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Дар Тоҷикистон боронгариҳои шадид боиси селхезӣ шуд
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Боронгариҳои шадид боиси омадани сел дар бархе аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб гардид.
Селхезӣ дар ин шаҳр харобиҳои зиёде дар пай дошта, киштзору бархе аз хонаҳои мардумро шустааст ва роҳҳои миёни маҳалаҳоро низ хароб кардааст.
Харобкориҳои имрӯзи сел дар ҳолест, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки боронҳои шадиду селхезӣ то 14-уми май давом мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, хабарнигори тоҷик, сармуҳаррири нашрияи ССР Сайёфи Мизроб аз дарёфти 9 ҷасад ва бедерак шудани наздики 18 тани дигар хабар медиҳад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода то ин дам дар бораи хисороти сел дар шаҳри Кӯлоб хабар надодааст.
Дар ҳамин ҳол намояндаи мақомоти шаҳри Кӯлоб дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабари дарёфти 9 ҷасадро рад карда изҳор дошт, ки феълан вазъ дар шаҳри Кӯлоб муътадил аст.
"Ҳоло ситоди шаҳрӣ баргузор мешавад ва пас аз арзёбии КҲФ хисороти сел маълум мешавад. То ҳол чизе дақиқ нест", - гуфт намояндаи мақомоти шаҳри Кӯлоб дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ёдрас мешавем, ки аз бориши зиёди борон зуҳри 11-уми май баъзе аз ҷодаҳои шаҳри Душанбе низ зери об монданд.
© Sputnik / Амир ИсаевЗатопленная проезжая часть после ливня в Душанбе
Затопленная проезжая часть после ливня в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Затопленная проезжая часть после ливня в Душанбе
Ҳамин тавр, ба далели обхезӣ роҳи тарафи Фурудгоҳ баста шуд.
© Sputnik / Амир ИсаевЗатопленная проезжая часть после ливня в Душанбе
Затопленная проезжая часть после ливня в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Затопленная проезжая часть после ливня в Душанбе
Даҳҳо худрав ғарқи об шуда ва ронандагон наметавоанд мошинҳояшонро аз об берун оранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки боронҳои шадиду селхезӣ то 14-уми май давом мекунанд.
Тибқи иттилои КҲФ, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ин рӯзҳо омадани сел аз эҳтимол дур нест.
Затопленная проезжая часть после ливня в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Об мошинҳоро "гулӯгир" кард: кӯли зери кӯпрук дар Душанбе роҳҳоро баст
Инчунин дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб), Обихингоб, Зарафшон ва Исфара баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Рӯзҳои 13-14 май дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. 15-16 май дар мамлакат асосан ҳавои бебориш дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала