Дар Ҳиндустон ҳоло ҳам вазъ ваҳим: СУТ омори нави коронавирусро нашр кард

© Sputnik / Табылды КадырбековМедсотрудник на санитарно-карантинном посту на въезде в город Бишкек. Архивное фото
Медсотрудник на санитарно-карантинном посту на въезде в город Бишкек. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Обуна шудан
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ омори нави сироят, шифо ва фавт аз коронавирусро нашр кард. Ҳиндустон аз лиҳози шумораи зиёди гирифторон дар радаи дувум қарор дорад
ДУШАНБЕ, 11 май - Sputnik. Шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 611 ҳазор афзоиш ёфта, аз 159,60 миллион гузашт, хабар медиҳад, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Ба ҳолати соати 10:00 (ба вақти Душанбе)-и 11 май, ба СУТ дар бораи 159 миллиону 606 ҳазору 992 сироятшуда ва 3 миллиону 317 ҳазору 738 фавт маълумот расидааст.
На улицах Индии сжигают трупы умерших от COVID-19 - youtube
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Бедодгариҳои коронавирус дар Ҳиндустон: ҷасадҳо дар кӯчаҳо сӯзонида мешаванд - видео
Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 611 096 нафар ва фавтидагон 10 586 нафар афзудааст.
Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 33 миллиону 515 ҳазору 308 нафар.
Баъд аз он Ҳиндустон (2 991 927), Бразилия (15 214 030), Фаронса (5 780 379), Туркия (5 044 936), Русия (4 888 727), Британияи Кабир (4 437 217), Италия (4 116 287), Испания (3 581 392), Олмон (3 535 354), Аргентина (3 165 121) ва Колумбия (3 015 301) қарор доранд.
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки дар рӯди Ганг даҳҳо ҷасади қурбониёни коронавирус дарёфт шудааст.
Танҳо дар шаҳри Буксар аз дарё 30 ҷасад дарёфт шудааст, ки маҳз аз коронаиврус фавтидаанд. Мақомдорони ин шаҳр мегӯянд, ҷасадҳо шояд аз иёлати ҳамсоя омада бошанд.
Вольная и греко-римская борьба.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2021
Коронавирус нақшаҳоро тағйир дод: имсол танҳо 4 варзишгар Ҷоизаи президентро гирифтанд
Аммо сокинон бар ин боваранд, ки мардум аз деҳаҳои назди соҳилӣ ба хотири гарон будани маъракаи сӯзондани мурдаҳо, ҷасадро ба дарё ҳаво медиҳанд.
Шоҳидони айнӣ инчунин изҳор доштанд, ки ба дарё аз сад ҷасад бештар партофта шудааст.
Ин ҳолат боиси ваҳми мардум гардидааст, зеро онҳо аз паҳншавии сироят бим доранд.
Манбаъ меафзояд, мақомот аллакай ба тоза кардани дарё шурӯъ кардаанд ва ҷасадҳои беруноварда аз ҳисоби хароҷоти ҳукумат сӯзонида мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0