Кумак ба 100 хонавода: иқдоми рамазонии "Истиқлол"

© Аз саҳифаи фейсбукии Ҳакимшоҳ СафаровБошгоҳи "Истиқолол" ба 100 хонавода кӯмаки моддӣ расонид
Бошгоҳи Истиқолол ба 100 хонавода кӯмаки моддӣ расонид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Обуна шудан
Бошгоҳи футболи "Истиқлол" дар моҳи шарифи Рамазон ба даҳҳо хонавода кӯмаки моддӣ ироа кард
ДУШАНБЕ, 10 май - Sputnik. "Истиқолол" ба оилаҳои камбизоат кӯмак расонд, хабар медиҳад сомонаи расмии бошгоҳ.
"Дар арафаи Иди Рамазон роҳбарияти бошгоҳи футболи "Истиқлол" боз як иқдоми хайрия – кӯмак ба оилаҳои камбизоатро доир намуд", - менависад манбаъ.
Гуфта мешавад, дар доираи барномаи хайрия, футболбозон ва кормандони бошгоҳи футболи "Истиқлол" -и Душанбе дар якҷоягӣ бо бунёди "Хубӣ кун" дар ҳошияи моҳи шарифи Рамазон чорабинии хайриявиро роҳандозӣ карданд.
Дар маҷмӯъ, ба сад оилаи камбизоати шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ маҷмӯи зарурии маҳсулоти хӯрокворӣ тақдим карда шуд.
Бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе яке аз дастаҳои номӣ ва тавонои Тоҷикистон буда соли 2007 ташкил шудааст.
Истиқлол-и Душанбе ба даври 1 / 8 финали мусобиқаи асосии клубҳои Осиё роҳ ёфт.   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
"Истиқлол" дар ҳаштякфинали Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо "Персеполис"-и Эрон рақобат мекунад
Ҳамчунин дар ҳайъати ин даста Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳангоми донишҷӯӣ бозидааст.
Ёдрас мешавем, ном ва обрӯи дастаи футболи "Истиқлол"-и Тоҷикистонро ду пирӯзии ахираш дар Лигаи Чемпионҳои Осиё бар дастаи Ал-Ҳилоли Арабистони Саудӣ ва дастаи “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай”-и Аморати Муттаҳидаи Араб мустаҳкам кард.
Шоми 24 апрел тими Тоҷикистон яке аз пурзӯртарин дастаҳои Осиё - "Ал-Ҳилол"-и Арабистони Саудиро бар ҳисоби 4: 1 мағлуб кард.
"Истиқлол" дар бозии панҷумаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2021 бошгоҳи “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай”-и Аморати Муттаҳидаи Арабро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
Иқдоми рамазонии сокинони як деҳаи Суғд: аз 100 то 1,8 тон палави хайрия - акс
Баъдан даста дар доираи Лигаи Осиё аз тими Ӯзбекистон шикаст хӯрд, аммо ба ҳар ҳол ба ҳаштякфинали Лигаи қаҳрамонҳои Осиё баромад.
Дар 1/8 финали Лиги қаҳрамонҳои АFC-2021 "Истиқлол"-и Тоҷикистон бошгоҳи "Персеполис"-и Эрон, ки соли қабл то финали ин мусобиқот роҳ ёфта буд, рақобат мекунад.
.Интизор меравад, ин дидор 13 ё 14 сентябр дар Душанбе баргузор шавад.
Лентаи хабарҳо
0