Кобулов: Толибон барои музокироти сулҳ бо давлати Афғонистон омодаанд

© Sputnik / Нина Зотина / Гузаштан ба хазинаи аксСпециальный представитель президента РФ по Афганистану, директор второго департамента Азии МИД РФ Замир Кабулов
Специальный представитель президента РФ по Афганистану, директор второго департамента Азии МИД РФ Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Вазъи Афғонистон шиддатнок боқӣ мемонад, аммо ҳарду ҷониб омодаанд робитаро барқарор намоянд
ДУШАНБЕ, 11 май - Sputnik. Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия оид ба Афғонистон, директори Департаменти дуюми Осиёи вазорати умури хориҷаи Русия, дар муколама бо хабаргузории ТАСС ҷараёни истиқрори сулҳ дар ин кишварро шарҳ дод.
Кобулов гуфт, ки "Толибон" (мамнӯъ дар Русия) омодаи музокирот барои ҳалли вазъи Афғонистон ҳастанд.
""Толибон" ҳамчунон ба музокироти сулҳ содиқанд. Онҳо изҳороти муҳими сиёсӣ карданд, ки новобаста авлотар будани Афғонистон ҳамчун аморати исломӣ барои Толибон, онҳо афзалиятҳои худро бо зӯрӣ ба мардуми Афғонистон таҳмил нахоҳанд кард ва омодаи музокирот барои сохти давлатдорӣ дар оянда ҳастанд",- гуфт мақомдори рус.
Вай қайд кард, ки ин изҳорот дар нишасти сегонаи васеъ дар Доҳа садо дод.
Директор Второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2019
Кобулов: чаро Русия дар муноқишаҳои Афғонистон бетараф бошад
Инчунин, намояндаи махсуси раисҷумҳури Русия қайд кард, ки кишвараш вазъи минтақаро бо диққат пайгирӣ мекунад ва омода аст бо Амрико дар ин росто муносибатҳои судмандро ба роҳ монанд.
Кобулов афзуд, ки нишасти Маскав оид ба танзими вазъи Афғонистон ҳанӯз ба нақша гирифта нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала