Куштигирони тоҷик бе роҳхати олимпӣ монданд: аз ҳама зиёд паҳлавонҳои Русия гирифтанд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузаштан ба хазинаи аксВольная и греко-римская борьба.
Вольная и греко-римская борьба.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, варзишгарони кишвар дар намуди куштӣ натавонистанд роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст оваранд
ДУШАНБЕ, 11 май - Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, мусобиқаи ниҳоии интихобӣ оид ба куштӣ барои Бозиҳои олимпии Токио дар Софияи Булғористон анҷом ёфт.
Манбаъ афзуд, аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 5 варзишгар иштирок карданд, вале натавонистанд соҳиби роҳхати олимпӣ гарданд.
Дар феҳрасти иштирокдорон, ки натавонистаанд, комёб гарданд аз рӯи намуди куштии тарзи озод 57 кило – Муҳаммад Икромов, 86 кило – Баҳодур Қодиров, 125 кило – Искандари Рустам ва дар риштаи куштии юнонӣ-румӣ 60 кило – Фирӯз Мирзораҷабов, 77 кило – Далер Ризозода ном бурда шуданд.
Дар ин сабқат Муҳаммад Икромов ҷои панҷум, Искандари Рустам дар вазни ҷои ҳафтум ва Фируз Мирзораҷабов дар ҷойи нуҳумро сазовор шуданд.
Женская сборная Таджикистана по волейболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Медали нуқраи духтарони волейболбози Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ
Кумитаи олимпӣ афзуд, ки тибқи иттилои сомонаи расмии Иттиҳоди ҷаҳонии куштӣ, дар мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ дар София 474 варзишгар аз 84 давлати дунё ширкат доштанд.
Дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи намуди куштӣ 288 варзишгар, аз ҷумла 192 мард ва 96 зан дар 18 категорияи вазнӣ барои ҷоизаҳои олимпӣ зӯрозмоӣ мекунанд.
Кумитаи олимпии Тоҷикистон мегӯяд, намояндагони 60 давлат имкони иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо намуданд, ки аз ҳама бештар аз Русия – 17 нафар мебошанд.
Дар пайи Русия ИМА - 15 нафар, Ҷопон – 12 нафар, Эрон, Чин ва Қазоқистон – 11 нафарӣ роҳхатҳои олимпиро соҳиб шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала