Набераи президент ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида кумак расонд - акс

© Акс аз саҳифаи ФейсбукНабераи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - Исмоил Маҳмадзоир
Набераи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - Исмоил Маҳмадзоир - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Обуна шудан
Офати табиӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ даҳҳо хонаҳову киштзорҳои васеъро вайрон кард
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Набераи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Исмоил Маҳмадзоир ба хонаводаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кумак расонидааст.
Дар ин бора Соҳибкирони Зафар, як корбари Фейсбук хабар дода, аксҳои кӯмаки моддии ироашударо нашр кардааст.
"Иқдоми неки набераи Президент бародари гиромӣ Исмоил Маҳмадзоир ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида. Ахсан! Худо аз шумо розӣ бошад", - менависад вай.
Ёдрас мешавем, офати табии фурӯравии қисмате аз замин дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар деҳаи Навободи ноҳия, 8 майи соли равон рух дод.
Дар натиҷаи лағжиши хок дар ин гӯшаи вилояти Хатлон даҳҳо хонаву киштзорҳои васеъ вайрон шуданд.
Дар ин ҳодиса касе ба ҳалокат нарасид, вале 15 хона ва 100 гектар замин пурра вайрон шуданд. Маблағи осебҳои расида ҳанӯз маълум нест.
Камнепад в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Офатҳои табиӣ зарфи 3 моҳ дар Тоҷикистон ҷони 8 танро рабуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба хотири пешгирӣ аз фалокат ва марги одамон, тасмим гирифт аъзои 167 оиларо "ба маконҳои амн" кӯчонанд.
Бино бар иттилои манбаъ, онҳо дар мактаби рақами 5 деҳа дар хаймаҳо ҷой карда шудаанд.
Бино бар гуфтаи сокинон, мақомот ваъда додаанд, ки мушкилашонро ҳал мекунанд ва шояд барояшон хона ҳам созанд.
Ҳамчунин таҳқиқоти он, ки чаро чунин ҳодиса рух дод, идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0