Назорати фаъолияти радио ва телевизионҳои мустақил дар Тоҷикистон боз ҳам пурзӯр мешавад

© Sputnik / Нина Зотина / Гузаштан ба хазинаи аксС 1 января 2019 года Россия перейдет на цифровое телевидение
С 1 января 2019 года Россия перейдет на цифровое телевидение  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Кумитаи давлатии пахши телевизиони Тоҷикистон бо эълони муқаррароти нави тамдиди иҷозатномаи радио ва телевизиони мустақили кишвар назорати васоити ахбори оммаро шадидтар кард
ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. Бар ин асос, аз ин пас шабакаҳои радиоӣ ва телевизионҳои мустақил дар Тоҷикистон муваззаф мешаванд, ки қабл аз пахш, матни тамоми барномаҳои худро дар ихтиёри Комитети давлатии радио ва телевизиони кишвар қарор диҳанд ва танҳо пас аз иҷозати ин ниҳод метавонанд иқдом ба таҳия ва пахши барнома кунанд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Гуфта мешавад, ки дар сурати худдорӣ аз иҷрои ин муқаррарот иҷозатномаи фаъолияти ин расонаҳо лағв хоҳад шуд.
Ҳамчунин ширкати намояндагони расонаҳои мустақил дар нишастҳои мақомоти комитети давлатии радио ва телевизион дар Тоҷикистон иҷборист.
Видеооператоры во время съемки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
4 шабакаи телевизиониву 53 нашрия: мақомоти Хатлон аз рушди ВАО дар вилоят таъкид кард
Ба гуфтаи бархе аз коршиносон ин иқдом ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар радабандии ҷаҳонии озодии баён боз ҳам бадтар хоҳад кард.
Бар асоси гузориши созмони хабарнигорони бидуни марз ҳамакнун Тоҷикистон дар миёни 180 кишвари ҷаҳон ҷойгоҳи саду шасту дувумро дар озодии баён дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала