Сиёсатмадори рус: ҷойгиркунии пойгоҳи ИМА дар Тоҷикистон амри маҳол аст

© AP / Mindaugas KulbisВоеннослужащих американской национальной гвардии, архивное фото
Военнослужащих американской национальной гвардии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Виктор Водолатский, муовини аввали раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба ИДМ, ҳамгироии УруОсиё ва робита бо ҳамватанон, масъалаи мустақар шудани пойгоҳи ИМА дар Осиёи Марказиро "хаёлот" номид
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik.Ҷойгиркунии пойгоҳи низомии ИМА дар Осиёи Марказӣ ғайриимкон аст, гуфт Виктор Водолатский, муовини аввали раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба ИДМ, ҳамгироии УруОсиё ва робита бо ҳамватанон, дар суҳбат бо ТАСС.

"Сухан дар бораи истиқрори пойгоҳи амрикоӣ дар ин давлатҳо вуҷуд дошта наметавонад, зеро тибқи шартномаҳое, ки ин давлатҳо бо Русия доранд, аз ҷумла дар доираи СПАД ва Иттиҳоди УруОсиё, истиқрори нерӯҳои низомии дигар давлатҳо пешбинӣ нашудааст", - шарҳ дод вакил.

Водолатский қайд кард, ки васоити ахбори оммаи ИМА "орзуҳо" - ро чун воқеъият матраҳ мекунанд.
Патруль военных в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2021
Wall Street Journal: Амрико дар Тоҷикистон пойгоҳ сохтанист, аммо аз Русия ва Чин метарсад
Шояд чунин изҳорот ба бадтар кардани вазъ дар атрофи Русия равона шуда бошад, афзуд сиёсатмадор.
"Ба Русия лозим аст, ки муносиботи мутақобиларо дар ҳама соҳаҳо, чӣ сиёсӣ, ҳам иқтисодӣ ва ҳам низомӣ, бо кишварҳои бародари мо дар доираи ИДМ тақвият диҳад", - хулоса кард Водолатский.
Ёдовар мешавем, ки The Wall Street Journal бо такя ба манбаъҳояш дар сохторҳои мудофиа хабар дод, ки Иёлоти Муттаҳида Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро беҳтарин имкони ҷойгиркунии пойгоҳи низомӣ мешуморад.
Расонаҳо қайд мекунанд, ки Иёлоти Муттаҳида ба пойгоҳҳо ниёз дорад, то на танҳо кормандони низомӣ, балки ҳавопаймоҳои бесарнишин, бомбаандоз ва артиллерияро низ ҷой диҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала