Қурби асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон: рублу евро дар ҳоли афзоиш

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкКурс иностранной валюты
Курс иностранной валюты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард. Пули миллӣ нисбат ба рубл ва евро андаке беқурб шудааст
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии асъорро муайян кард.
Ҳамин тариқ, рубл дар кишвар дар охири ҳафта ба таври назаррас афзоиш ёфт ва арзиши як ҳазор рубл 152 сомониро ташкил медиҳад.
Дар дигар ташкилотҳои қарзӣ арзиши он ба 153-154 сомонӣ мерасад.
Асъори урупоӣ низ дар ҳоли афзоиш буда, як евро ба 13,70 сомонӣ расидааст.
Банкноты номиналом 1 доллар США. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Май-моҳи умедбахш барои пули русӣ: пешгӯии иқтисоддонҳо дар бораи қурби доллару рубл
Асъори амрикоӣ дар Тоҷикистон 11,32 сомонӣ барои як доллар ва тақрибан 11,34 сомонӣ дар дигар бонкҳои кишвар муқаррар шудааст.
Ёдрас мешавем, ки Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам қурби асъорро бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ муайян мекунад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон реквизитҳои кумак ба ҷабрдидагон дар Ворухро пешниҳод кард
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0