Взятка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
Хабару гузоришҳо дар мавриди фасодкорӣ дар Тоҷикистону хориҷро аз ин пайванд метавонед пайдо кард

Ришвагирӣ дар мактаби ронандагии "Самсун": ҷонишин шаҳодатномаро 4600 сомонӣ нарх кард

© Sputnik / Стас ЭтвешВзятка, архивное фото
Взятка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Ҷонишини мудири ин мактаб дар ду ҳолат барои додани ҳуҷҷати ронандагӣ ба корафтодаҳо беш аз 4 500 сомонӣ талаб карда гирифтааст
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод аз боздошти як масъули мактаби ронандагии "Самсун" хабар медиҳад, ки дар фурӯши шаҳодатномаи ронандагӣ муттаҳам дониста мешаад.
Ба иттилои манбаъ, ба фурӯши ҳуҷҷати ронандагӣ ҷонишини директори мактаби мазкур Я.Д.Б. даст задааст.
"Номбурда моҳҳои октябр - ноябри соли гузашта аз корафтода "А" барои ба номи писара омода кардани шаҳодатнома дар бораи хатми курси таълимии ронандагӣ, 4650 сомонӣ талаб карда гирифтааст", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ меафзояд, номбурда ҳамчунин моҳи ноябри соли гузашта айнан бо ҳамин усул аз як корафтодаи дигар 4 700 сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, нисбати ҷонишини директори мактаби "Сайсун" бо моддаи 279 қисми 4 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, он баъди тасдиқи фикри айдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала