Зодрӯзи Абдуваҳҳоб Воҳидов: рӯзи 11 май дар таърих

© Sputnik / Стас Этвеш, Мария ВишняковаДень 11 мая
День 11 мая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Обуна шудан
Рӯзи 11 май ар Лаос — Рӯзи Конститутсия ва дар Ҳиндустон – Рӯзи миллии технология мебошад

Рӯзи 10 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1928 дар Ню-Йорк аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон пахши мунтазами телевизион ба роҳ монда шуд.
Соли 1949 Исроил ба ҳайати Созмони Милали Муттаҳид ворид шуд.

Рӯзи 10 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1936 дар Тоҷикистон ноҳияи Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) таъсис дода шуд.
Соли 2010 дар шаҳри Ню-Ҷерсии ИМА варзишгарони ҷавони тоҷик дар 17-умин Чемпионат оид ба самбои ҷангӣ ва варзишӣ (тарзи озод) се медал ба даст оварданд.
Соли 2010 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маросими рӯнамоии аввалин китоби ба забони тоҷикӣ тарҷумашудаи нависандаи машҳур Шарлотта Бронте "Ҷейн Эйр" баргузор гардид.
День 1 мая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
Рӯзи Пирӯзӣ, зодрӯзи Ғаффор Валаматзода ва Муҳаммадҷон Қосимов: рӯзи 9 май дар таърих
Соли 2011 Шабакаи телевизионии "Моя Планета"-и Русия ба намоиш гузоштани аввалин филми ҳуҷҷатӣ дар бораи Тоҷикистонро оғоз намуд.
Соли 2011 дар Минтақаи миллии сайёҳии "Аваза" ҷаласаи 39-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия баргузор гардид.
Соли 2012 дар шаҳри Душанбе фестивали дуюми автомобилии ҷумҳуриявии "Авто Ретро Душанбе" доир гардид.
Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сафар карда, бо кори як зумра хоҷагиҳои намунавии боғутокпарварӣ шинос шуданд.
Соли 2016 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президентбо сарвазири вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф аз раванди ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, амният, фарҳанг ва илму маориф, ки ояндаи онҳо самарабахш арзёбӣ гардид, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Соли 2017 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими рӯнамоии китоби "Халқи тоҷики ман"-и Роҳбари Ҷумҳурии Доғистон Рамазон Абдулатипов, ки чанд сол қабл вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт, баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 10 май

Дар Лаос — Рӯзи Конститутсия.
Дар Ҳиндустон – Рӯзи миллии технология

Рӯзи 11 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1935 — Адҳам Бобоев, доктори илмҳои математика профессор.
Соли 1940 — Абдуваҳҳоб Воҳидов, ходими ҷамъиятӣ ва давлатӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.
Соли 1943 — Шодмон Пулодӣ, композитор.
Лентаи хабарҳо
0