Шӯрои уламо: дар моҳи Рамазон талоқ раво нест

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксНамаз во время Рамадана в Казахстане
Намаз во время Рамадана в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, дар моҳи шарифи Рамазон талоқ додан раво нест
ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар посух ба суоли корбараш тафсилоти талоқ дар моҳи шарифи Рамазонро ироа кардааст.
Шӯрои уламои исломӣ гуфт, Худованд гарчанде талоқро машруъ кардааст, аммо онро бад мебинад, зеро он сабаби вайронии оила мегардад.
“Аз нигоҳи шариати Ислом талоқ додан фақат дар ҳолати зарурат раво аст, аммо дар моҳи мубораки Рамазон раво нест, зеро ин моҳ мавсими тоату ибодат ва анҷом додани амалҳои нек аст”, - омадааст дар посухи Шӯро.
Ин ниҳод таъкид намудааст, ки бо вуҷуди ин, агар марде ҳамсарашро дар ин моҳ талоқ диҳад, талоқаш воқеъ мешавад.
Талоқ аз мавзӯъҳои асосиест, ки корбарони сомонаи Шӯрои уламо аз он суол мекунанд.
Человек пишет СМС о разводе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2020
Пешниҳоди вакилони тоҷик: се сол ҳабс барои талоқ тариқи телефон
Аз ҷумла Фариддин суол кардааст, ки ҳангоми Рамазон шавҳари рӯзадор суханони дурушти занро бардошт накарда, талоқашро додаст.
Шӯрои уламо дар посух ба Фариддун изҳор доштааст, ки дар масъалаи мазкур ҳамсар як талоқ шудааст ва мустаҳаб аст, ки никоҳашонро таҷдид намуда, минбаъд бо равиши писандида ва ҳусни тафоҳум зиндагӣ кунанд
Ин ниҳод дар маҷмуъ таъкид намудааст, ки зану шавҳар дар зиндагии муштарак ҳуқуқи зиёде доранд ва ҳар яке аз онҳо бояд ҳуқуқи худро риоя кунанд.
“Зан бояд ба шавҳараш бо дидаи эҳтиром назар кунад ва ҳаргиз суханони дурушт ва хилофи одоби инсонӣ ба ӯ нагӯяд”, - таъкид кардааст Шӯро.
Манбаъ афзудааст, шавҳар бояд бо сабру таҳаммул бо ҳамсараш муносибат намояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала