Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

“На ину на он”: “Головное” бояд аз кӣ бошад?

© Sputnik / Игорь Егоров / Гузаштан ба хазинаи аксСитуация на границе Кыргызстана и Таджикистана
Ситуация на границе Кыргызстана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Маркази тақсими об, маъруф ба "Головное", як муноқишаи мусаллаҳонаи фоҷиабор ва бесобиқаеро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ба вуҷуд овард, ки беш аз 50 сокини ду кишвар кушта, даҳҳо нафари дигарро захмӣ ба ҷой гузошт ва хисороти молии ҳангуфтеро дар пай дошт
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. 7 май Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, дастур дод, ки ин маркази тақсими обро кишвараш бозсозӣ мекунад. Ин ҳама таҳаввулот ва изҳорот маркази тақсими оби “Головное” – ро дар баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон вижа кардааст ва ҳам ин сарусадоҳоро ба вуҷуд овардааст, ки Тоҷикистон онро дар ихтиёри кишвари ҳамсояаш хоҳад гузошт.
Президент Кыргызстана Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Ҷабборов аз бозсозии Маркази тақсими об "Головной" хабар дод
Аммо коршиносон ҳамчунин пайомадро барои иқтисоди Тоҷикистон фалокатбор хонданд. Sputnik Тоҷикистон ба хотири рӯшанӣ андохтан ба ин мавзуъ пойи суҳбати Неъматулло Мирсаидов, рӯзноманигори маъруф ва фарди огоҳ аз чуну чароҳои баҳси марзии Тоҷикистон нишаст.
- Изҳороти раисҷумҳури Тоҷикистон чӣ маъно дорад?
- "Головное" як гуна сарбанди дарёи Исфара ва маркази тақсими об аст, ки аз сӯи Қирғизистон сохта шудааст, аммо дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст. Қирғизистон талош дорад, ки ҳам марказ ва ҳам қаламравро соҳиб шавад, он чӣ, ки аслан мавриди қабули Тоҷикистон нест. Агар шумо – шаҳрванди Тоҷикистон - дар қаламрави Қирғизистон ягон корхона дошта бошед, ин маънои онро надорад, ки он ҷо қаламрави Тоҷикистон аст. Даъвои Қирғизистон ба ҳамин монанд аст.
Вақте раисҷумҳури ин кишвар мегӯяд, онро навсозӣ мекунад, ба ин маънӣ нест, ки кишвараш соҳиби “Головное” шудааст. Беҳтараш, навсозӣ пас аз тавофуқоти ниҳоӣ анҷом гирад.
- Қирғизистон чӣ далоиле барои даъво ба “Головное” дорад?
- Як даъвои бодалелеро барои он, ки ин марказ ва дар пайи он назорати обро пурра дар ихтиёр дошта бошад, аслан надорад. Гап сари ин аст, ки дар ин марказ канали қирғизии Торткӯл бо дарёи Исфара як мешаванд. Марказ як сарбанди бетонӣ ва чанд дарвозаи танзими об дорад, ки вобаста ба талаботи се кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон обро тақсим мекунанд. Об ба заминҳои кишоварзии Тоҷикистону Ӯзбекистон тариқи дарё ва ба Қирғизистону қисмате аз Тоҷикистон тариқи ҳамин канал ҷорӣ мешавад.
Сарбанд барои ҷорӣ шудани об ба воситаи канал, ки дарозиаш 14 км аст, як кӯли сунъӣ бо гунҷоиши 90 миллион метри мукаабро ба вуҷуд овардааст. Тобистон ин кӯл аз об пур мешавад, тирамоҳ камоб аст, аммо ин фаслест, ки дигар кишоварзон ба об эҳтиёҷи зиёд надоранд. Кӯл ҳеҷ гоҳ беоб намондааст.
- Канали Турткӯл чӣ тур пайдо шуд ва чӣ нақш дорад?
- Ҳам ин канал ва ҳам обанбор нимаи солҳои 60-ум ва аввали солҳои 70-уми қарни гузашта, дар замони Шӯравӣ бо пули марказ ё аз ҳисоби хазинаи умумиттифоқ сохта шудаанд. Ҳадаф обёрии заминҳои ҳам Қирғизистон, ҳам Тоҷикистон буд. Сохтмони марказ – сарбанду дарвозаҳоро як муассисаи қирғизӣ соли 1968 анҷом дод, аммо дар ҳудуди Тоҷикистон.
Агар сарбанд набошад, кашонидани об тариқи канал низ имкон надорад. Канал ҳам фаромарзӣ аст, ҷо-ҷо аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад ва кишоварзони тоҷик низ аз он истифода мекунанд.
Экс-председатель Исфары Мирзошариф Исломиддинов о Ворухе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Собиқ шаҳрдори Исфара: Ворух ҳеҷ вақт анклав набуд
- Ягон низоми расман мувофиқашудаи тақсими об вуҷуд дошт?
- Бале, вақте ҳама дар давлати ягона зиндагӣ мекарданд, мушкили истифода дар миён набуд. Низоми тақсими об соли 1980 эҷод шуд, ки аз сӯи ҳар се кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон таъйид шуда буд.
- Аммо чаро ин баҳсҳо ба вуҷуд омаданд, вақте низом маълум аст?
- Ин баҳсҳо пас аз он сар заданд, ки кишварҳо ба истиқлол расиданд ва Қирғизистон тааҳудоти қаблиро бо ҳамсояҳо пушти по зад ва яктарафа иқдом кард. Ёдашон рафт, ки канали Турткӯл фаромарзӣ аст. Вақте Тоҷикистон даргири таҳаввулоти сиёсӣ шуд, онҳо даъвои қаламрав карданд. Он замон Комиссияи байнидавлатии об даст ба кор шуд ва соли 1992 ҷаласае дар Алмаатои Қазоқистон баргузор намуда, низоми нави тақсими обро таъйид кард. Бино ба он, Тоҷикистон ба 55%, Қирғизистон - 37% ва Ӯзбакистон - 8% - и оби дарёи Исфара ҳақ доранд.
- Вақте ҳама тавофуқот ниҳоӣ шудаанд, дар талошҳои ҳукумати Қирғизистон чӣ чизе ҳаст, ки ҷониби Тоҷикистон дар он хатарро мебинад?
- Қирғизистон ба думболи чизе бештар аз ин аст. Бо таваҷҷуҳ ба тағйироти обуҳавоӣ ва коҳиши манобеъи об давлати Қирғизистон пеши худ вазифа гузоштааст, ки манобеъи обиро, дар ҳар ҷое ки имкон дорад, таҳти назорат гирад. Эҳтимолан, дар ҳоли ҳозир барномаҳои пинҳоне вуҷуд доранд, ки дар қадами аввал рӯдхонаҳои Исфара, Сух ва Хоҷа Бақирғонро ҳадаф қарор додаанд. Беҳуда нест, ки “Головное” – ро ҳукумати Қирғизистон як иншооти стратегӣ арзёбӣ мекунад.
Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, қаблан ин даъворо пеш оварда буд, ки дар дарёи Хоҷа Бақирғон як обанбор месозанд, ҳатто барои он пул ихтисос додаанд. Ин тарҳ ихтиёри оби нӯшокии шаҳрҳои Ғафуров, Бӯстон ва Хуҷанд, оби полезии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расуловро ба дасти қирғизҳо медиҳад.
Ин ҳама ба он маъност, ки даъвоҳои Қирғизистон хеле бузургтар аст ва талош дорад, ҷилави оби минтақаро ба даст гирифта, аз ин роҳ ба ҳамсояҳо фишор орад. Ин на фақат хилофи усули ҳамсоядориву мусалмонӣ, балки як амали ғайриахлоқӣ аст.
Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
Шарҳи Тошиев дар бораи долон ба Ворух, харитаҳои пешин ва гуфтушуниди алоҳида
- Баргардем ба “Головное”. Талошҳои аз худ кардани он чӣ паёмадҳоеро ба дунбол хоҳад дошт?
- Агар Қирғизистон ин қитъаро ба даст оварад, таҳдиди бузурге вуҷуд дорад, ки дар оғози баҳор даҳҳо ҳазор гектар заминҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон бидуни об монанд, зеро ҳаҷми оби ҳавзаи рӯдхонаи Исфара моҳҳои апрел то май ба ҳадди ақали худ - 3-4 метри мукааб, ҳатто аз ин камтар, коҳиш меёбад. Пешбинии авоқиб душвор хоҳад буд. Масалан, дар тӯли даргириҳои солҳои ахир, канали Ҷӯйи Калон, ки қариб тамоми кишоварзони ҷамоати Чоркӯҳро бо об таъмин мекунад, чандин бор масдуд ва гоҳе тахриб шуд.
- Агар мушкил тағйироти обуҳавоӣ ва коҳиши манобеъ об бошад, ин мушкили фақат қирғизҳо нест. Дар чунин ҳолат тоҷикҳову ӯзбекҳо низ саросема мешаванд ва ҳаққи худро талаб мекунанд. Чӣ бояд кард, ки кор ба ихтилофҳои дигар, ҳатто “ҷангҳои обӣ”, ки бархе пешгӯӣ мекунанд, накашад?
- Аввал, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ихтиёри тақсими об дар ихтиёри як ҷониб бошад. Кишварҳои минтақа бояд ин зиёдаравиҳои Қирғизистонро ҷилавгирӣ кунанд. Бахусус давлати Ӯзбекистон набояд канор бимонад, зеро чаҳор ноҳияи ин кишвар аз оби дарёи Исфара вобастаанд. Қирғизистон нақшаи табдили рӯдхонаи Сӯхро, ки заминҳои Ӯзбекистонро обёрӣ мекунад, низ дар сар мепарварад ва фикр накунам, ки дар Тошканд аз ин нақшаҳои фоҷиаофар хабар надошта бошанд.
Умуман, Ӯзбекистон бояд дар ин баҳс ҳузур дошта бошад. Дар акси ҳол, агар Тоҷикистону Қирғизистон ба иттифоқи назаре бирасанду манфиатҳои Ӯзбекистон нодида гирифта шавад, ҳатман як ҷанҷоли дигар, ин дафъа бо ширкати се кишвар пеш меояд. Аз ҳамин хотир, ҳама кор бояд аз қабл пухта шавад.
Дуюм, “Головное” – ро қирғизҳо сохтаанд, дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст ва Ӯзбекистон ҳам шарики об мебошад. Дар гузашта ҳама чиз рӯшан ва одилона буд. Муҳандисони оби се кишвар сари об нишаста, тақсими онро назорат мекарданд. Баъд ки низомиёни қирғиз дар минтақа пайдо шуданд, дар ин низом мушкилот ҳам пайдо шуд ва кор ба ин ҷо кашид, ки ҳоло мебинем.
Сеюм, Комиссияи байниҳукуматӣ бояд мақоми қаламрав ва иншоотро муайян карда, тақсими обро бо Ӯзбекистон мувофиқа кунад. Аз нигоҳи ман, он гуна ки Тоҷикистону Ӯзбекистон сари мақоми нерӯгоҳ ва обанбори Фарҳод ба тавофуқ расиданд, беҳтарин роҳи ҳал аст. Нерӯгоҳ аз Ӯзбекистон, обанбор аз Тоҷикистон.
Дар мавриди “Головное” қаламрав аз Тоҷикистон, иншоот аз Қирғизистон, аммо мудирият аз сӯи се кишвар бояд бошад. Шарти чорум – адами ҳузури нерӯҳои низомӣ дар ин қаламрав, ки бидуни шак, муноқишаҳоро дар ин қисмати пурмушкил хотима хоҳад дод.
- Агар чунин нашавад, масалан, “Головное” комилан дар ихтиёри Қирғизистон гузошта шавад, чӣ иттифоқ хоҳад афтод?
- Дар ихтиёри Қирғизистон гузоштани қаламрав ва мудирияти тақсими об барои ҳамсояҳо бо фоҷиа тамом мешавад, қабл аз ҳама барои аҳолии навоҳии Исфараву Конибодом, чор ноҳияи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон. Авоқиби он барои иқтисоди Тоҷикистон, чун ду навоҳии фавқуззикр беш аз 90% - и содироти меваи хушки кишварро таъмин мекунанд ва ҳам барои муҳити зисти водии Фарғона ҳалокатбор хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала