Ӯзбекистон ба Амрико иҷозаи сохтани пойгоҳи низомиро намедиҳад

© Sputnik / Александр Имедашвили, STF / Гузаштан ба хазинаи аксСовместные военные учения вооруженных сил Грузии и США "Достойный партнёр"
Совместные военные учения вооруженных сил Грузии и США Достойный партнёр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Вазорати дифои Ӯзбекистон эълон намудааст, ки ба Амрико иҷозаи сохтмони пойгоҳи низомиро дар ин кишвар намедиҳанд
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Вазорати дифои Ӯзбекистон афзуд, сиёсати дифоии Тошканд иҷоза нахоҳад дод, то пойгоҳҳои низомӣ барои истиқрори нерӯҳои хориҷӣ дар ин кишвар сохта шавад, менависад АКИ Пресс.
Бино ба хабари расонаҳои хориҷ, Амрико пас аз хуруҷи низомиёни худ аз хоки Афғонистон мехоҳад пойгоҳи худро дар яке аз кишварҳои ҳаммарзбуда бо Афғонистон мустақар кунад.
Американские военные медики, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Сиёсатшинос: Амрико имкони ҷойгир кардани пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистонро надорад
Аз ҷумла, рӯзи душанбе нашрияи амрикоии “The Wall Street Journal” ба нақл аз мақомоти амрикоӣ навиштааст, Вашингтон тасмим дорад шуморе аз пойгоҳҳои низомии худро аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон то кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс тавсеъа диҳад.
Барои амалӣ намудани ин кор, Вашингтон бештар ба Тоҷикистону Ӯзбекистон мутаваҷҷеҳ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони АвруОсиё нияти Амрикоро хом меноманд.
Сиёсатшиноси рус, Никита Мендкович мегӯяд, эҳтимолияти даст задани Душанбе ё Тошканд ба ин иқдом бениҳоят паст аст.
Ҳамчунин Виктор Водолатский, муовини аввали раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба ИДМ, ҳамгироии АвруОсиё ва робита бо ҳамватанон, масъалаи мустақар шудани пойгоҳи ИМА дар Осиёи Марказиро "хаёлот" номид.
"Сухан дар бораи истиқрори пойгоҳи амрикоӣ дар ин давлатҳо вуҷуд дошта наметавонад, зеро тибқи шартномаҳое, ки ин давлатҳо бо Русия доранд, аз ҷумла дар доираи СПАД ва Иттиҳоди УруОсиё, истиқрори нерӯҳои низомии дигар давлатҳо пешбинӣ нашудааст", - шарҳ дод вакил.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала