Афзоиши қурбониёни сел дар Кӯлоб: КҲФ ҷасади 9 -ум, пиразани 70 - соларо пайдо кард

© Мақомоти влояти ХатлонМавзеъҳои харобшуда дар паи сел дар Кӯлоб
Мавзеъҳои харобшуда дар паи сел дар Кӯлоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Шумораи қурбониёни селхезӣ дар Тоҷикистон ба 9 нафар расид
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, теъдоди қурбониёни офати табиӣ дар вилояти Хатлон афзуд.
Умеда Юсупова, сухангӯи КҲФ дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷасади охироне, ки аз селоба берун оварда шуд, пиразани 70 - сола мебошад.

"Ин зан беш аз 70 сол дошт. Вай сокини деҳаи Оқгазаи ҷамоати деҳоти Кирови ноҳияи Вахш буд. Ӯро сел бурд, наҷотдиҳандагон дар паи ҷустуҷӯ ӯро пайдо карданд", - гуфт Умеда Юсупова дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ки то ҳол наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода беш аз 315 манзилро аз гилу лой тоза карда, ба пок сохтани кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб машғул ҳастанд.
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Суҳбати телефонии Раҳмон бо Расулзода: супориши таъхирнопазири Президент ба сарвазир
Ба гуфти Юсупова, имрӯз дар шаҳри дар Кӯлоб Ситоди рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба кор шурӯъ кард, ки аз 7 гурӯҳ иборат аст.
Қаблан, КҲФ аз ҳалокати 8 нафар бар асари фаромадани сел хабар дода буд.
Мувофиқи маълумоти пешакӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷрои селоба дарёфт карда шуд.
Қоҳир Расулзода аз мавзеъҳои обхезӣ дидан кард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Расулзода дар пой мӯза аз кӯчаҳои офатзадаи Кӯлоб боздид кард: супориш ба масъулин
Қурбонии дигар дар шаҳри Ҳисор сабт гардидааст. Сокини маҳаллӣ ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ҳалок шуд.
Ҳамчунин ҷасаде дар ноҳияи Кушониён, аз селоба берун оварда шуд. Ӯ марди 34 - сола, сокини ҳамин ноҳия будааст.
Пештар манобеи ғайрирасмӣ аз дарёфти 9 ҷасад ва бедарак шудани наздики 18 тани дигар хабар дода буданд.
Дар ин росто, дар асоси супориши Президенти Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвазири кишвар, вазири корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва дигар вазорату идораҳо комиссия оид ба арзёбии ҳаҷми зарар ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои баамаломада, таъсис дода шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Вокуниши Президент ба марги одамон дар Кӯлобу Ҳисор: дастур ба Расулзода ва генералҳо
Ёдрас мешавем, ки дар бархе аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ рӯзи 11 май Кӯлоб боришоти боронҳои пай дар пай ба миён омад, ки дар натиҷа ба ҳалокати одамон, вайроншавии манзили истиқоматӣ ва шусташавии роҳҳои автомобилгард оварда расонид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала