Боздошти фураҳои самти Тоҷикистон дар Қирғизистон: шарҳи мақомот - аксу видео

© Фото : Пресс-служба УВД Баткенской областиФура которая, следовала в Таджикистан и была задержана местными жителями в Баткенской области
Фура которая, следовала в Таджикистан и была задержана местными жителями в Баткенской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое аз минтақаи Бодканд паҳн шуданд, ки дар он дида мешуд, мошинҳои боркаши бидуни рақами давлатиро кормандони полис ҳамроҳӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканд дохили мошинҳои боркашро, ки ба Тоҷикистон равон буданд ва аз ҷониби сокинони маҳаллӣ боздошт карда шуданд, нишон дод.
Қайд карда мешавад, ки фураҳо борҳои транзитӣ - молҳои истеъмолиро аз Русия интиқол медоданд, менависад Sputnik Қирғизистон.
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое аз минтақаи Бодканд паҳн шуданд, ки дар он дида мешуд, ки боркашҳои бидуни рақамро кормандони полис ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар видео якчанд фураҳои бе рақами давлатӣ, як худрав ва як мошини патрулӣ сабт шудааст.
Мардон дар шоҳроҳ иддао карданд, ки ин мошинҳо молҳои қочоқӣ ба Тоҷикистон мебаранд. Ба ин далел, миёни як нафар (эҳтимолан милиса) ва як сокини маҳаллӣ муноқиша сар мезанад.
Хадамоти матбуоти Сарраёсати таъмини амнияти ҳаракат дар роҳи ВКД Қирғизистон, маълумот дар бораи ҳамроҳӣ кардани кормандони полис бори ғайриқонуниро рад кард.
"Ин фураҳо бори комилан қонунии байналмилалӣ - молҳои истеъмолиро тавассути транзити Қирғизистон ба Тоҷикистон интиқол медоданд. Онҳо пеш аз оғози таниш миёни ду кишвар ба қаламрави Қирғизистон ворид шуданд, баъд ронандагон аз вазъи ноором тарсида дар Бодканд ист карданд.
Бо мақсади таъмини амният, аз кормандони мо хоҳиш карданд, ки онҳоро то истгоҳи ҷаримавии Ош ҳамроҳӣ кунанд, то дар натиҷаи нофаҳмиҳо дар шоҳроҳ ихтилофе ба вуҷуд наояд", - шарҳ доданд дар Сарраёсати таъмини амнияти ҳаракат дар роҳи ВКД Қирғизистон.
Граница между Кыргызстаном и Казахстаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2020
Афғонистон барои интиқоли бор аз Эрон ба Тоҷикистон тавассути қаламраваш шарт гузошт
Манбаъ қайд карда, ки мошинҳои боркаши Тоҷикистон ба нақлиёти Қирғизистон, ки дар ҶТ боздошт шудаанд, иваз карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала