Ҳисоботи раисони 7 ноҳияи Хатлон ба Президент: супориши қатъӣ гирифтанд

© Фото : КремльПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Обуна шудан
Раисони 7 ноҳияи вилояти Хатлон зимни сӯҳбати телефонӣ ба кишвардори Тоҷикистон аз оқибати селхезӣ ҳисобот доданд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки бар асари фаромадани сел ба талафоти ҷониву хисороти молӣ дучор омаданд, суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Бар хабари котиботи роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла бо раисони навоҳии Шамсиддини Шоҳин, Мӯъминобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон, Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Данғара тамоси телефонӣ дошт.
Раисони ҳар 7 навоҳӣ бо сарвари давлат доир ба тадбирҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки рӯзҳои охир ба амал омадаанд, ҳисобот доданд.
"Супориши қатъӣ гирифтанд, ки дар зудтарин фурсат манзилу роҳҳо ва пулу иншооти харобгардидаро барқарор намоянд", - таъкид мешавад дар хабар.
Қоҳир Расулзода аз мавзеъҳои обхезӣ дидан кард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Расулзода дар пой мӯза аз кӯчаҳои офатзадаи Кӯлоб боздид кард: супориш ба масъулин
Илова бар ин, роҳбари давлат супориш дод, ки ба мардуми зарардида кумакҳои саривақтӣ расонида шавад.
Ёдовар мешавем, ки боришоти шадиди чанд рӯзи ахир дар аксар минтақаҳои ҷумҳурӣ боиси рух додани офати табиӣ шуд.
Хисороти аз ҳама беш ба вилояти Хатлону ноҳияҳои тобеи марказ расидааст.
Ин офати табииӣ дар пай талафоти ҷонӣ ҳам дошт. Бар хабари КҲФ, феълан 8 ҷасади сокинони Хатлону ноҳияҳои тобеи марказ аз даруни селоба берун оварда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0