Хонаҳои вайронаву пур аз лой: навори сели даҳшатбор ва пайомадҳои он дар Кӯлоб

Обуна шудан
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори сели даҳшатбор ва оқибатҳои он дар шаҳри Кӯлоб нашр шудааст
Дар он метавон ҷараёни сел дар шаҳр ва хонаҳои вайронаро дид. Наворро канали
Maftuna Piter нашр кардааст.
Хонаҳои сокиноне, ки аз сел осеб дидаанд, бархе қисман фурӯ рафтаанд. Даруни ҳуҷраҳоро бошад лой зер кардааст.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 11 май дар пайи боронгариҳои шадид як қатор шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз сел хароб шуд.
Суҳбати телефонии Раҳмон бо Расулзода: супориши таъхирнопазири Президент ба сарвазир
Мувофиқи маълумоти пешакии КҲФ, дар паи фаромадани сел дар вилояти Хатлон 8 кас ҷони худро аз даст дод. Ҳаимн тавр, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд, менависад ин ниҳод.
Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷроҳи селоба пайдо карда шуд.
Афзоиши қурбониёни сел дар Кӯлоб: КҲФ ҷасади марди 34 - соларо пайдо кард
Дар баробари ин, дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар шаҳрванд, ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расидааст.
Дар ноҳияи Кушониён низ дар паи чаппа шудани мошин як шаҳрванди 34-сола ҷони худро аз даст додааст.
Лентаи хабарҳо
0