Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳушдори Бонки миллӣ дар бораи кумак ба Ворух: ба гурӯҳ ва шахсони алоҳида пул надиҳед

© Sputnik / Стас ЭтвешДеньги в кошельке, архивное фото
Деньги в кошельке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Бонки миллӣ аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инчунин шаҳрвандони кишвар хоҳиш кардааст, ки аз хайр ба ҳар гуна суратҳисобҳои шахсони алоҳида ва ё гурӯҳҳои номаълум, худдорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Бонки миллӣ таъкид доштааст, ки баъди ба вуқӯъ пайвастани қазияи марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон баъзе шаҳрвандони кишвар аз ин ҳолат истифода намуда, бо мақсади ҷалб намудани маблағҳо дар суратҳисобҳои махсус барои зарардидагони Ворух машғуланд.
Ин ниҳод ба таваҷҷуҳи ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инчунин шаҳрвандони кишвар расондааст, ки барои анҷом додани амали хайрия ба ҳар гуна суратҳисобҳои шахсони алоҳида ва ё гурӯҳҳои номаълум, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯмак аз мардум даъват ба амал меоранд, худдорӣ намоянд.
Бонки миллӣ зикр намудаст, ки бо мақсади расонидани кӯмак ба зарардидагони минтақаи Ворухи шаҳри Исфара, аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон суратҳисоби махсус кушода шудааст.
Банковская карта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Мақомот барои кумак ба зарардидагони муноқишаҳои марзӣ суратҳисоби махсус боз кард
Манбаъ зикр кардааст, ки шаҳрвандон метавонанд бемамоният маблағҳои хайриявии худро танҳо ба ин суратҳисоб ирсол намоянд.
Бонки миллӣ рақамҳои ин суратҳисобро дар сомонаи расмии худ нашр кардааст.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш аз ташкили суратҳисоби махсус Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дода буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала