Боз як хирсбача пайдо гардид: маълум шуд, ки ноболиғон онҳоро аз куҷо гирифтанд

© РВКД Душанбе Хирсбачаҳо дар Боғи ҳайвоноти Душанбе
Хирсбачаҳо дар Боғи ҳайвоноти Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Обуна шудан
Феълан хирсакҳо дар Боғи ҳайвоноти Душанбе ҷой дода шуда, ба табобат фаро гирифта шудаанд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Хирсакҳое, ки чанд рӯз пеш дар Душанбе аз дасти ду ноболиғ наҷот дода шуда буданд, дар Боғи ҳайвоноти шаҳр ҷой дода шуданд, хабар дод Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе.
Ёдрас мешавем, чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси ду наврас нашр гардид, ки ду хирсак дар даст дар кӯчаҳо гаштугузор мекарданд.
Дертар маълум гардид, ки онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон низ навиштаанд, ки ин хирсакҳоро ба фурӯш гузоштаанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин аксу хабарҳо дарҳол вокуниш нишон додаву аз мақомот талаб карданд, ки пеши роҳи муносибати бераҳмона бо ҳайвонот гирифта шавад ва хирсакҳо аз дасти онҳо раҳо карда шаванд.

Дафтари матбуоти РВКД менависад, 8-уми май дар шабакаҳои иҷтимоии "Фейсбук" ва "Инстаграмм" аксҳо ва эълони бо нархи 3000 сомонӣ ба фурӯш баровардани як сар хирсбача паҳн гардид.
Зимни амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки аксҳои дар шабакаҳои интернетӣ ҷойдошта ба ноболиғон С.Ш- 17-сола, зода ва сокини шаҳри Душанбе, хонандаи мактаби рақами 8-и Душанбе ва Н.Ҷ-и 17-сола, зода ва сокини шаҳри Душанбе тааллуқ доранд.
Гуфта мешавад, хирсбачаро шаҳрванд Раҷабов Аминҷон Бахтиёрович, аз шикорчии шахсияташ номаълум харидорӣ намуданд.
Бо мақсади фурӯхтан аз ноҳияи Ховалинг ба пойтахт оварда, барои нигоҳубин ва то пайдо намудани харидор, дар аспхонаи "Ҳоҷӣ Қаюм" ном шахс, ки дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино ҷойгир аст, нигоҳ медоштааст.
Ноболиғон С.Ш. ва Н.Ҷ. аз набудани Раҷабов А.Б. истифода бурда, хирсбачаро бо мақсади сайругашт ба маркази пойтахт, хиёбони Рӯдакӣ овардаанд, ки боиси назар ва аксбардории шаҳрвандони дигар гардидааст.
Бурый медведь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2020
“31 ҳазор ҷарима барои куштани хирс”: паронд, ки падарашро накушад
Зимни азназаргузаронии аспхонаи мазкур, боз як сар хирсбачаи дигар дарёфт карда шуд.
Хирсбачаҳо аз хирсҳои маъмулӣ бо хусусиятҳои хоси худ фарқ карда, намуди онҳо ба “Китоби сурх”-и Тоҷикистон дохил гардидаанд.
Айни замон, ин ҳайвонҳои нодир барои ба муолиҷа фаро гирифтан дар “Боғи ҳайвонот”-и шаҳри Душанбе ҷойгир карда шудаанд.
Аз ҷониби кормандони милитсия барои муайян кардани шахсияти Раҷабов А.Б., “Ҳоҷӣ Қаюм” ва шикорчии мазкур чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0