"Мо ҳама ашк мерезем": Манижа дар бораи ҳуҷум ба мактаб дар Қазон

© Sputnik Певица Манижа на интервью
Певица Манижа на интервью - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Намояндаи Русия дар Евровидение-2021, зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин пас аз фоҷиаи Қазон таъзия нашр кард
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Фоҷиа дар Қазон касеро бетараф нагузошт: намояндаи Русия дар Евровидение-2021 Манижа Сангин низ эҳсосоти худро дар Instagram нақл кард.
Cароянда гуфт, ки чанде пеш сафар ба Роттердам ба Қазон рафта буд.
"Шаҳри зебо. Он чизе, ки ӯ имрӯз бояд аз сар гузаронад, касро ҷигархун мекунад" , - навиштааст сароянда.
Манижа қайд кард, ки кӯдакон набояд ҳеҷ гоҳ, дар ҳеҷ ҷо бо силоҳ рӯ ба рӯ шаванд.
Вай афзуд, ки ҳеҷ сухане наметавонад оилаи қурбониҳоро тасаллӣ бахшад.
Манижа навиштааст, ки тамоми дастаи иштирокчиёни Евровидение бо Қазон ҳамдард ҳастанд ва гиря мекунанд.
Стрельба у школы в Казани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Путин дар робита ба ҳамла дар мактаб
Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи 11 май дар мактаби рақами 175 ҷавоне ба донишомӯзон ҳамла кард. Ҷавоне, ки чор сол пеш ин муассисаи таълимиро хатм карда буд, бо силоҳ ба дабистонаш баргашт: ӯ бомбаи худсохт гузошт ва ба сӯи мактаббачагон ва муаллимон оташ кушод.
Тибқи маълумоти охирин, дар натиҷаи ин ҳодиса нӯҳ нафар ҳалок шуданд, тақрибан 20 нафар маҷрӯҳ гардиданд.
Дар байни кушташудагон ду муаллим буданд, ки дар паи наҷоти ҷони хонандагон ҳалок шуданд.
Ду кӯдаки дигар ҳам аз тарс худро аз тиреза ҳаво доданд ва ҷонашонро аз даст доданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала