Як рама гӯсфанд ба об рафт: мудҳиштарин лаҳзаҳои сел дар Кӯлоб - навор

Обуна шудан
Сели ахир дар Тоҷикистон аз хисоротбортарин ҳодисаҳои табиии чанд соли ахир гуфта мешавад
Феълан хисороти молии сели даҳшатбор ҳисоб нашудааст. Аммо дар пайи ин офати табиӣ 9 кас ҷон доданд.
Дар навори боло мудҳиштарин лаҳзаҳои сел дарҷ шудаанд: рамаи калоне аз гӯсфандон зери об меравад, пуле фурӯ меравад ва сели калон ҳар он чи ки дар сари роҳаш буд, мебарад.
Дар наворҳои нашршуда ҳамчунин метавон дид, ки чигуна хонаҳои сокинон тахриб шудаанд, бештари хонаҳо пур аз лой гаштаанд.
Пештар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки мақомот, ихтиёриён ва сокинон 315 хонаи дар пайи сел осебдидаро тоза карданд.
Сел дар кӯчаву пасткӯчаҳои Кӯлоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
"Вазъият безеб, бисёр безеб": навори селхезӣ дар маркази шаҳри Кӯлоб ва деҳаҳои он
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 11 май дар пайи боронгариҳои шадид як қатор шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз сел хароб шуд.
Мувофиқи маълумоти пешакии КҲФ, дар паи фаромадани сел дар вилояти Хатлон 8 кас ҷони худро аз даст дод. Ҳаимн тавр, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд, менависад ин ниҳод.
Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрвандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷроҳи селоба пайдо карда шуд.
Дар баробари ин, дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар шаҳрванд, ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расидааст.
Дар ноҳияи Кушониён низ дар паи чаппа шудани мошин як шаҳрванди 34-сола ҷони худро аз даст додааст.
Лентаи хабарҳо
0