Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Таҳсил кунед, овозаҳо беасосанд: муроҷиати Вазорати маориф ба донишҷӯёни тоҷику қирғиз

© Sputnik / Амир ИсаевМолодые люди в Душанбе на празднике Сада
Молодые люди в Душанбе на празднике Сада - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Вазорати маорифи Тоҷикистон аз донишҷӯёни тоҷику қирғиз даъват намудааст, ки ба овозаҳои беасос бовар накунанд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Вазорати маориф ба шаҳрвандоне, ки дар ҷумҳурии Қирғизистон таҳсил мекунанд, муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки ба овозаҳои беасос бовар накунанд, балки ба таҳсили худ идома диҳанд.
Муроҷиатномаи мазкур дар сомонаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон нашр шуда, ба донишҷӯёни ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд, низ дахл дорад.
Дар муроҷиатнома омадааст, "шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Қирғизистон ва шаҳрвандони қирғиз, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ба ҳар гуна овозаҳо набояд бовар кунанд, балки таҳсилро тибқи муқаррарот дар муассисаҳои худ идома диҳанд".
Силуэты людей в переходе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистониёнро аз Қирғизистон депорт мекунанд? шарҳи Вазорати корҳои дохилӣ
Манбаъ ба даргириҳои ахири марзӣ таъкид карда, қайд намудааст, ки феълан барои пурра бартараф кардани нофаҳмиҳо Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ таъсис дода шудааст.
Зимнан, ин ниҳод аз донишҷӯёни ҳар ду кишвар талаб намудааст, ки дар сурати дучор шудан ба ягон мушкилӣ дар робита ба таҳсил, бевосита ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Қирғизистон ихроҷ мекунанд. Ин қазияро Вазорати умури дохилаи Қирғизистон рад намуд.

"Дар қонунгузории Қирғизистон ягон мафҳуми "депортатсия" вуҷуд надорад истилоҳи "ихроҷкунӣ" аст. Агар як шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави Қирғизистон рафтори бад ё ҷиноят содир кунад, бо қарори суд вай метавонад аз қаламрави кишвар хориҷ карда шавад", - омада буд дар иттилоияи ВКД.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала