"Вазъият безеб, бисёр безеб": навори селхезӣ дар маркази шаҳри Кӯлоб ва деҳаҳои он

Сели рӯзи гузашта дар Кӯлоб на танҳо канорҷойҳои шаҳрро фаро гирифт, балки маркази шаҳрро низ хароб кард
Сели рӯзи 11 май дар минтақаҳои шаҳри Хатлон ва Ҳисор бисёр харобиовар буд. Мақомот феълан хисороти молии ин ҳодисаро эълон накардаанд, аммо мутаассифона дар пайи ҳодиса 8 нафар ҷон бохтанд.
Бо гузашти як рӯз аз ҳодиса шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз наворҳои тафсилоти ҳодисаи селхезии даҳшатбор гаштааст.
Чунончи канали Like tjk дар Ютуб навори сел ва оқибатҳои онро аз гӯшаҳои гуногуни шаҳри Кӯлоб намоиш додааст.
Дар аввал муаллифи навор маркази шаҳрро намоиш медиҳад.
"Вазъият безеб, бисёр безеб. Ин ҷоро сахт об бурдааст", - мегӯяд вай.
Сипас муаллиф ба канорҷойҳо шаҳр меравад ва маҳаллаеро нишон медиҳад, ки он ҷо низ сел ҷараён дорад.
Дар ҳамин ҳол, селроҳае, ки дар навор метавон дид, пур аз ашёи рӯзгор аст, ки об бурдааст.
Дар наворе ҳатто чанд сокинон фарёд мезананд, ки "об чанд говро бурд".
Дар наворе бозори марказии шаҳри Кӯлоб нишон дода мешавад, ки он ҳам зери сел мондааст.
Хонаҳои вайронаву пур аз лой: навори сели даҳшатбор ва пайомадҳои он дар Кӯлоб
Бархе аз наворҳои дигар кӯчаҳои шаҳрро метавон дид, ки манзилҳо дар он то нимаи деволҳояшон зери об мондаанд.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 11 май дар пайи боронгариҳои шадид як қатор шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз сел хароб шуд.
Мувофиқи маълумоти пешакии КҲФ, дар паи фаромадани сел дар вилояти Хатлон 8 кас ҷони худро аз даст дод. Ҳаимн тавр, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд, менависад ин ниҳод.
Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷроҳи селоба пайдо карда шуд.
Дар баробари ин, дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар шаҳрванд, ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расидааст.
Дар ноҳияи Кушониён низ дар паи чаппа шудани мошин як шаҳрванди 34-сола ҷони худро аз даст додааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала