Мудири Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Тоҷикистон барандаи ҷоизаи "Ситораҳои Иттиҳод" шуд

© ok.ru / Гульчехра КохироваДиректор Института астрофизики Гулчехра Кохирова
Директор Института астрофизики Гулчехра Кохирова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Обуна шудан
Асарҳои Гулчеҳра Қоҳирова, мудири Пажӯҳишгоҳи астрофизика ба доираи васеи астрофизикҳои тамоми ҷаҳон маълуманд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Гулчеҳра Қоҳирова, директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барандаи ҷоизаи байналмилалии "Ситораҳои Иттиҳод" шуд.
Дар ин бора Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ (МФГС) хабар медиҳад.
Бахтиёр Қосимов, аспиранти Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2021
Ихтироъ: аспиранти тоҷик ба як корхонаи Русия миллионҳо рубл фоида меорад
Гуфта мешавад, аъзои ҳакамони Ҷоизаи ҳарсолаи байнидавлатии "Ситораҳои Иттиҳод" нуҳ барандаи соли 2020-ро эълон карданд.
Аз ҷумла, нависандаи халқии Қазоқистон Олжас Сулаймонов барандаи ин ҷоиза гардид.
Инчунин Президенти Академияи миллии илмҳои Қирғизистон Мурат Ҷуматаев ва роҳбари оркестри эстрадӣ-симфонии Ӯзбекистон Мансур Тошматов барандагони ҷоизаи бонуфуз шуданд.
Гулчеҳра Қоҳирова директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, дар соҳаи омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ кор мекунад.
Асарҳои вай ба доираи васеи астрофизикҳои тамоми ҷаҳон маълуманд. Соли 2015 яке аз сайёраҳои хурди системаи офтобӣ ба номи Гулчеҳра Қоҳирова гузошта шуд.
Ҳуҷҷати дахлдор дар Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии астрофизикҳо, ки марказаш дар Париж аст, ба имзо расид. Ҳоло тақрибан панҷ ҷисми кайҳонӣ (ситораҳо, астероидҳо) ба номи олимони тоҷик гузошта шудаанд.
Олимони тоҷик узви Академияи илмҳои байналмилалӣ шуданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2020
Ду олими тоҷик академики Академияи илмҳои байналмилалӣ шуданд
Аз Академияи миллии илмҳо ба АМИТ "Ховар" иттилоъ доданд, ки кормандони академия ҳоло кӯшиш доранд яке аз сайёраҳои хурди системаи Офтобро ба номи Тоҷикистон гузоранд.
Ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод" аз ҷониби Шӯрои ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ва ФБҲБ 21 майи соли 2009 таъсис ёфтааст.
Аз ҳамон вақт инҷониб ин ҷоиза барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи гуманитарӣ ҳамасола тақдим карда мешавад.
Ғолибони ҷоизаи мазкур бо диплом, нишони фахрӣ ва шаҳодатнома мукофотонида мешаванд. Маблағи пулии ҷоиза ба 2 миллион рубли русӣ баробар мебошад.
Маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ тирамоҳи имсол дар доираи Форуми зиёиёни эҷодӣ ва илмии Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0