Пулис бетартибии шабонаи соҳибони мошинҳои "крутой" дар Душанберо ошкор кард - навор

© УМВД по городу ДушанбеОдин из задержанных автомобилей из-за беспорядков в Душанбе
Один из задержанных автомобилей из-за беспорядков в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе барои назорати тартиботи ҳаракт дар роҳҳои пойтахт, рейди шабона баргузор кард
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Дар роҳу ҷодаҳои пойтахт аксар ронандаҳое, ки ба нақзи ҳаракат дар роҳ даст мезананд, ронандаҳои мошинҳои гаронарзиш мебошанд, менависад Раёсати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, чанде пеш кормандони пулиси роҳ барои муайян намудани қонуншикании ронандаҳо амалиёти шартии "Тартиби шабона" - ро роҳандозӣ намуданд.
Зимни ин амалиёт ҳолатҳои зиёди дағалона вайрон намудани талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шуд.
Аз ҷумла, аксар ронандаҳо, ки соҳибкор мебошанд, мошини худро дар қатори дуюму сеюми роҳ, назди тарабхонаву қаҳвахонаҳо, таваққуф намуда, боиси тамбашавии нақлиёт ва ҳамчунин ҳолати садамавиро ба миён меоранд.
Илова бар ин, аз ҷониби пулиси роҳ 140 далели қонуншикании ронандаҳо ошкор гардида, нисбати ронандагон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.
Дар рафти амалиёти "Тартиботи шабона" якчанд ҳолатҳои идораи автомашинаҳои сиёҳшишаи бе иҷозатнома ва насб намудани таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ва рақамҳои қайди давлатии бегона муайяну ошкор карда шуд.
Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ки зимни баргузор намудани се рейди ахир, дасти кам 374 ҳолати дағалона вайрон намудани талаботи Қоидаҳои ҳаракати роҳ дар қисмати шабона аз соати 21.00 то 23.00 ошкор ва нисбати ронандагон чораҳои дахлдори қонуниву профилактикӣ андешида шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала