Русия сухангӯи сафорати Амрико дар Маскавро "персона нон грата" эълон кард

© Sputnik / Максим БлиновГосударственные флаги России и США
Государственные флаги России и США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Ҳамроҳ бо даҳ корманди сафорати Амрико дар Русия сухангӯйи сафорат Ребекка Росс ҳам "персона нон грата" эълон шудааст
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ҳамин тавр сухангӯйи сафорати Амрико дар Русия Ребекка Росс бояд ин кишварро тарк кунад.
Бино бар иттилои нашрияи "Коммерсантъ", ихроҷи Росс ва дипломатҳои дигари амрикоӣ посухи ҷавобӣ ба иқдоми Вашингтон будааст.
Манбаъ таъкид доштааст, ки номи Росс ба он хотир ба феҳрист ворид карда шуд, ки мақомоти амрикоӣ шаш моҳ аст, ки ба Маскав имкон намедиҳанд, ба ҷойи холишудаи сухангӯи сафорат дар Вашингтон шахси нав равон кунанд.
Ин манбаъ иддао кардааст, ки ҷониби амрикоӣ санадҳои номзадро ба гирифтани виза бидуни шарҳ баргардондааст.
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2021
"Ба муқовимат бо Русия нуқта гузоред": талаби Матвиенко аз ҳукумати Амрико
Ёдрас мешавем, ки Амрико санаи 15-уми апрел бастаи нави таҳримҳоро нисбат ба Русия эълон кард. Амрико эълон кард, ки таҳримҳо ба хотири дахолати Маскав ба интихобот ва дурӯғпароканӣ роҳандозӣ шудааст.
Ба феҳристи таҳримҳо номи 30 шаҳрванд ва ширкати Русия ворид гардидааст. Илова ба ин, бар асоси таҳримҳо, даҳ дипломати рус ҳам аз Амрико берун карда мешаванд.
Ҳамзамон рӯзи 23-юми апрел мақомоти рус сафорати Амрикоро огоҳ карданд, ки дигар ба кор қабул кардани шаҳрвандони хориҷӣ барои онҳо ғайриимкон аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала