Табрики Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Иди Фитр

© SputnikСвященный праздник Ид аль-Фитр: как в Душанбе отметили Иди Рамазон
Священный праздник Ид аль-Фитр: как в Душанбе отметили Иди Рамазон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон рӯзи 13 апрел Иди саиди Фитр таҷлил мешавад. Ба ин муносибат Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон дар як паёме мардум ва раисҷумҳури Тоҷикистонро табрик кардааст
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон дар паёме фарорасии Иди Фитрро ба давлат ва миллати Тоҷикистон табрик гуфт, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Раиси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон Алӣ Ашраф Муҷтаҳид Шабистарӣ дар паёме фарорасии иди шарифи Фитрро ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва миллати бародар, ҳамзабон ва ҳамкеши Тоҷикистон табрик гуфт ва қабули тоату ибодоти ҳамагиро аз худованди манон хостор шуд.
Верующий на намазе в мечети, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2020
Мусозода: “Рӯзи Иди Рамазон мардум дар хона ба тоату ибодат машғул шаванд”
Шабистарӣ дар паёми худ ҳамчунин бори дигар омодагии Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистонро барои кумак ба пешрафт ва тавсеаи ҳарчӣ бештари равобити мардуми байни ду кишвар эълом кард.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Тоҷикистон 13 апрел рӯзи Иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0