Тоҷикистон ба пешвози президент Тоқаев омодагӣ мебинад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Казахстана Касым-Жомарт Токаев (слева) и президент Таджикистана Эмомали Рахмон на церемонии фотографирования глав государств - членов ШОС
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев (слева) и президент Таджикистана Эмомали Рахмон на церемонии фотографирования глав государств - членов ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Сафари Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-20 майи соли 2021 ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 12 май - Sputnik. Тоҷикистон ба пешвози президент Тоқаев омодагӣ мебинад, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Таҷибаевро ба ҳузур пазируфт.
Гуфта мешавад, дар мулоқот мусоҳибон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

"Инчунин табодули афкор оид ба раванди омодагӣ ба сафари расмии Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ба Тоҷикистон, ки 19-20 майи соли 2021 ба нақша гирифта шудааст, сурат гирифт", - менависад манбаъ.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Раисҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистон меояд
Бино ба иттилои котиби матбуотии президенти Қазоқистон Берик Уалӣ, дар ин сафар Тоқаев ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунад.
"Президент Қосим Ҷомарт Тоқаев бо даъвати Президент Эмомалӣ Раҳмон 19-20 майи соли равон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ҷараёни сафар мулоқоти сарони ду давлат дар шакли маҳдуд ва васеъ ба нақша гирифта шудааст", - навиштааст Уалӣ дар сафҳаи Фейсбуки худ.
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев (слева) и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Суҳбати телефонии руасоиҷумҳури Тоҷикистону Қазоқистон: Тоқаев даъвати Раҳмонро пазируфт
Ба гуфтаи ӯ, рӯзномаи музокирот масъалаҳои рушди шарикии стратегии ду кишварро бо таъкид ба таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар бар мегирад.
"Ба тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ, таъмини субот ва амният дар Осиёи Марказӣ диққати махсус дода мешавад", - гуфт Уалӣ.
Санаи сафари Тоқаев ба Душанбе маълум шуд
Қаблан хабар дода шуд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвари Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев гуфтугӯи телефонӣ дошт.
Дар ҷараёни музокирот Раҳмон пешниҳод кард, ки Тоқаев моҳи май бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала