Жириновский зидди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ: деҳқонанд, дар хонаашон кор кунанд

© Пресс-служба Госдумы РФ / Гузаштан ба хазинаи аксПредседатель ЛДПР Владимир Жириновский
Председатель ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия пешниҳод кард, ки имконоти муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ аз дигар тараф баррасӣ карда шавад
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Роҳбари Ҳизби либерал-демократ Владимир Жириновский дар бораи ҳалли мушкили норасоии нерӯи корӣ дар Русия бидуни ҷалби муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ гуфт.
Ҳамзамон, сиёсатмадори рус гуфт, чӣ гуна мешавад муҳоҷирон дар хонаашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ даромад ба даст оранд.

"Ҳоҷати даъвати нерӯи корӣ аз кишварҳои ҷанубӣ ба Русия нест. Мо аллакай борҳо пешниҳод карда будем: биёед ба онҳо барои истеҳсоли меваю сабзавот барои мо фармоиш диҳем - ҳама чизро мехарем. Онҳо дар хона хоҳанд монд ва ҷои кор хоҳанд дошт ва ин барои мо муфид хоҳад буд", - навиштааст сиёсатмадор дар канали Телеграми худ.

Дар мавриди алтернатива ба муҳоҷирони корӣ, Жириновский пешниҳод кардааст, ки ба минтақаҳои Русия сармоягузорӣ шавад ва мардуми он ҷо барои кор ба шаҳрҳои бузурги Русия ҷалб шаванд.
Владимир Жириновский посетил Гиссарскую крепость и город Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Стратег ё пупулист? Пешниҳодҳое, ки Жириновский дар мавриди муҳоҷирон дар Русия дорад
"Чаро одамонро аз Осиёи Марказӣ меоранд? Биёед ҳадди аққал аз қисми урупоии собиқ ИҶШС даъват кунем", - гуфт ӯ.
Ёдрас мешавем, ки қаблан Жириновский пешниҳод карда буд, ки муҳоҷиронро ба деҳаҳои холии Русия фиристанд.
Ба ақидаи ӯ, бо ин роҳ якбора ду мушкилро ҳал кардан мумкин аст: зиёд кардани аҳолӣ ва пур кардани заминҳои холӣ.
"Тоҷикон ва ӯзбекҳо - деҳқон ҳастанд. Ва мо чӣ қадар заминҳои холӣ бо хонаҳои тайёр дорем? Муносибати давлат бояд чунин бошад", - қайд карда буд Жириновский.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала