Арабистон ба тоҷикон барои ширкат дар ҳаҷҷи имсол иҷозат дод

© AP / Khalil HamraПаломники на Хадже. архивное фото
Паломники на Хадже. архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Имсол зоироне ба Арабистони Саудӣ сафар карда метавонанд, ки ваксинаи зидди COVID-19 гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон эълом кард, ки Арабистони Саудӣ бо сафари зоирони тоҷик барои ширкат дар маросими ҳаҷҷи имсол мувофиқат кардааст.
Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, шароити баргузории ҳаҷ то ҳол дақиқ нест ва рӯзҳои наздик эълон хоҳад шуд.
Вале тибқи иттилои як манбаи огоҳ, имсол зоироне ба Арабистони Саудӣ сафар карда метавонанд, ки ваксинаи зидди COVID-19 гирифтаанд.
Паломники из Таджикистана отправляются в хадж - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Зоирони тоҷик дар интизори ҳаҷ, аммо он боз мавқуф гузошта шуд
Мақомот то ҳол расман ин маълумотро шарҳ надодаанд..
Қабл аз густариши вируси корона ҳамасола 6 ҳазор нафар аз тоҷикҳо барои ширкат дар маросими ба Арабистон сафар мекарданд, ки дар соли 2020 ин раванд мутаваққиф шуд.
Пештар хабар дода шуд, ки дар Арабистони Саудӣ, ба зоироне, ки аз коронавирус эм карда шудаанд, иҷозат дода мешавад, ки дар моҳи Рамазон ҷойҳои муқаддасро зиёрат кунанд.
Тибқи маълумоти нав, ҳоҷӣ бояд ду вояи ваксинаи COVID-19 - ро бигирад, сипас барои зиёрати умра ҳуҷҷатҳояшро барои зиёрати ҷойҳои муқаддас ба умури Макка пешниҳод кунад ва сипас дар замимаҳои махсус сабти ном шавад.
"Дар замимаи мобилӣ, ҳоҷӣ бояд соати фармоишӣ барои намоз ва зиёрати ҷойҳои муқаддасро "банд кунад ", - омадааст дар хабар.
Бар асоси ин қарор ҳамзамон зоирини тоҷик, ки аз коронавирус эм гирифтаанд, метавонанд ба сафари Ҳаҷҷи умра бароянд.
Мусульманские паломники во время хаджа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2020
Ба Каъба нарасед: ҳаҷ дар шароити пандемия чигуна аст? - 10 акс
Харҷи сафари Ҳаҷҷи умраи солҳои пеш 20,5 ҳазор сомонӣ, ё муодили ба 2 ҳазор доллари амрикоӣ ҳисоб мешуд. Аммо масъулини ширкатҳои сайёҳӣ, ҳоло сафари ҳаҷҷи навро эълон накардаанд.
Дар Тоҷикистон ҳамасола ҳазорҳо нафар, барои зиёрати маконҳои муқаддаси Ислом ба кишвари Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Ҳаҷ яке аз панҷ рукни фарзии ислом аст. Зиёрати макони муқаддас барои ҳар як мусалмон як мартиба фарз аст.
Ҳаҷро дар Зулҳиҷҷа ("моҳи ҳаҷ") анҷом додан мумкин аст, аммо вақти адои ҳаҷ бо сабаби тақвими қамарӣ ҳамасола тағйир меёбад. Ҳамчунин мусалмонон метавонанд дар ҳар вақти сол ҳаҷҷи хурд (умра) кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала