Борону раъду барқ дар Душанбею Хатлон: обу ҳавои рӯзи Иди Рамазон

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкКлумба в одном из парков
Клумба в одном из парков  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят асосан ҳавои бебориш дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ағбаҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Селевые потоки обрушились на Хатлон - youtube - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Як рама гӯсфанд ба об рафт: мудҳиштарин лаҳзаҳои сел дар Кӯлоб - навор
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 13+15 ва рӯзона 24+26 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0