Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ боз ба таъхир афтод

© APБорьба, архивное фото
Борьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Обуна шудан
Панҷумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки мебоист 10-19 сентябри имсол дар шаҳри Қуния Туркия баргузор шавад, як сол ба таъхир афтод
ДУШАНБЕ, 13 май - Sputnik. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ин тасмим дар Шӯрои иҷроияи Федератсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ таҳти раёсати шоҳзода Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал ва Кумитаи тадорукоти 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ – Қуния-2021 гирифта шудааст.
Кубок мира по самбо в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2021
Мусобиқаи машҳури байналмилалӣ ба таъхир афтод: чаро?
Ба иттилои манбаъ, шоҳзода Ал-Файсал зимни мулоқот бо вазири ҷавонон ва варзиши Туркия Меҳмет Муҳаррам Касапоғлу ҳолати феълии тандурустии ҷаҳон дар пасманзари пандемияи коронавирусро баррасӣ карда гуфтаанд, ки вазъи тандурустии ҷаҳон мумкин аст барои иштироки бисёре аз кишварҳо, ки иммунизатсияи COVID-19 суст ҷараён дорад, монеа эҷод кунад.

"Бо сабаби он ки Федератсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ ва Кумитаи тадорукоти бозиҳо ҷонибдори иштироки ҳамаи кишварҳои аъзо дар бозиҳо ҳастанд, тасмим гирифта шуд, ки 5-уми Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ соли 2022 аз 9 то 18 август баргузор карда шавад", - афзудааст манбаъ.

Дар аввал қарор буд, ки бозиҳо 20-29 августи соли 2021 доир мегардад. Вале баъд аз он ки моҳи марти соли 2020 Бозиҳои олимпӣ дар Токио ба соли 2021 гузаронида шуд, санаи баргузории Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Қуния 10-19 сентябри соли 2021 муайян шуд.
Ба барномаи 5-уми Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 20 намуди варзиш: варзиши сабук; камонварӣ; бадминтон; баскетбол 3х3; бочче; велосипедронӣ; шамшербозӣ; футбол; гимнастика; ҳендбол; ҷудо; каратэ; кикбоксинг; шиноварӣ; тенниси рӯи миз; таеквондо (WT); волейбол; вазнбардорӣ; гуштини варзишӣ; камонварии анъанавӣ ворид гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0