Бо дастури Президент Генерал Раҳимзода ба шаҳри Кӯлоб рафт

© Пресс-служба МВД Таджикистана Сотрудники органов внутренних дел в Хатлонской области приступили к устранению последствий стихийных бедствий в регионе
Сотрудники органов внутренних дел в Хатлонской области приступили к устранению последствий стихийных бедствий в регионе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон барои назорати корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шахсан ба шаҳри Кӯлоб сафар кардааст
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохила бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб, Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ин минтақа сафарбар шудааст.
Дафтари матбуот таъкид доштааст, ки ҳоло тоза намудани лою гил ва расонидани кумак ба сокинони шаҳри мазкур аз ҷониби кормандони милитсия корҳои бартарафсозӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ ҷараён доранд.
Зикр гардидааст, ки айни замон, барои тоза намудани лою гил мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ, мотопомпаҳо ва дигар техникаю таҷҳизот ва тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сафарбар гардидаааст.
Подмытая ливнями дорожное полотно на трассе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Сел дар деҳоти Ашт, Ошоба, Ғудос ва Пунук 10 пулро хароб кард
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар ин рӯзҳои душвор вазир дар бари мардуми сарбаланди Кӯлоб қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки шоми рӯзи 11 май бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ба маҳали аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Муъминободи вилояти Хатлон сафарбар гардиданд.
Ёдрас мешавем, ки дар бархе аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ дар Тоҷикистон низ боронҳои пай дар пай ба миён омад, ки дар натиҷа ба ҳалокати одамон, вайроншавии манзилҳои истиқоматӣ ва шусташавии роҳҳои автомобилгард оварда расонид.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, шумораи қурбониёни офати табиӣ дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ 9 нафар расид.
Мавзеъҳои харобшуда дар паи сел дар Кӯлоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Афзоиши қурбониёни сел дар Кӯлоб: КҲФ ҷасади 9 -ум, пиразани 70 - соларо пайдо кард
Мувофиқи маълумоти пешакӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд.
Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷроҳи селоба дарёфт карда шуд.
Ҷасади охироне, ки аз селоба берун оварда шуд, марди 34 - сола, сокини ноҳияи Кӯшониён будааст.
Қурбонии дигар дар шаҳри Ҳисор сабт гардидааст. Сокини маҳаллӣ ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ҳалок шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала