Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии сарвазир ба Ӯзбекистон меравад

© Sputnik / Амир ИсаевГосударственный флаг Таджикистана
Государственный флаг Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Вазифаи асосии ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ки таҳти раёсати сарвазирон баргузор мешавад, ҷустуҷӯи "нуқтаҳои рушд"-и ҳамкориҳои мутақобилан судманд барои давраи дарозмуддат аст
ДУШАНБЕ, 13 май - Sputnik. Намояндагони Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Ӯзбекистон ташриф меоранд, хабар медиҳад хабаргузории "Дунёи" дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Таъкид шудааст, ки дар Тошканд ҷаласаи 8-уми комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор мешавад.
Министр иностранных дел Республики Узбекистан Абдулазиз Камилов принял вновь назначенного Чрезвычайного и Полномочного Посла Республики Таджикистан Абдуджаббора Азиза Рахмонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Раҳмонзода дар Тошканд: оғози фаъолияти дипломатии собиқ вазир ва мушовири президент
Ҳайати ҳукуматиро сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода сарварӣ мекунад.
Мулоқотҳои намояндагони мақомоти ду ҷумҳурӣ ду рӯз: 14 ва 15 май идома хоҳанд кард.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки ҳайати Тоҷикистон аз чанд корхонаи саноатии Тошканд дидан хоҳад кард.
Масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон имрӯз низ зимни мулоқоти телефонии сарони кишварҳо баррасӣ шуданд.
Диққати махсус ба омодагии ҷаласаи дарпешистода дода мешавад. Вазифаи асосии ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ки таҳти раёсати сарвазирони ин ҳафта дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, ҷустуҷӯи "нуқтаҳои рушди" ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар дарозмуддат номид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала