Хоманаӣ ду ҳазор зиндониро авф кард

© Sputnik / Амир ИсаевЧетки в руках верующего
Четки в руках верующего - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Обуна шудан
Бар асоси асли 110 қонуни асосии Эрон ҳукми афв ё тахфиф ва табдили муҷозоти маҳкӯмони додгоҳҳо дар Эрон аз ихтиёроти раҳбарӣ кишвар аст
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон ба муносибати Иди Саиди Фитр бо афв ё тахфифи муҷозоти ду ҳазору 187 нафар аз маҳкӯмони додгоҳҳои Эрон мувофиқат карданд.
Священный праздник Ид аль-Фитр: как в Душанбе отметили Иди Рамазон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Табрики Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Иди Фитр
Ба гузориши расонаҳои эронӣ дар истинод ба пойгоҳи иттилоърасонии дафтари роҳбари Эрон, Саидиброҳими Раисӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон ба муносибати фаро расидани Иди Саиди Фитр дар номае ба раҳбари муъаззами инқилоб пешниҳоди афв ё тахфиф ва табдили муҷозоти ин маҳкӯмонро матраҳ карда буд.
Бар асоси асли 110 қонуни асосии Эрон ҳукми афв ё тахфиф ва табдили муҷозоти маҳкӯмони додгоҳҳо дар Эрон аз ихтиёроти раҳбарӣ кишвар аст.
Сайидалии Ҳусайнии Хоманаӣ маъруф ба Оятуллоҳ Сайидалии Хоманаӣ, руҳонии мусалмон, муҷтаҳид, марҷаъи тақлиди шиъа ва имом хатиби ҷумъаи Теҳрон ва дуввумин роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз Руҳуллоҳи Хумайнӣ аст.
Оғози сабти номи номзадҳои интихоботи президентӣ дар Эрон
Тибқи назирияи Вилояти фақеҳ аз вай ба унвони "Мақоми узмои вилоят", "Валии амри муслимини ҷаҳон" ва "Роҳбари муаззами Инқилоб" ёд мешавад. Вай тибқи аслҳои 107 ва 110-и сарқонуни Ҷумҳурии Исломии Эрон, баландтарин мақоми кишвар ва Фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон маҳсуб мешавад. Ӯ раиси Бунёди доиратул-маорифи исломӣ низ ҳаст.
Лентаи хабарҳо
0