ИМА умедвор аст, ки пойгоҳҳояшро аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол диҳад

© Фото : U.S. Army / Sgt. Nicole PaeseАмериканские военнослужащие в Сирии, архивное фото
Американские военнослужащие в Сирии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Обуна шудан
Иёлоти Муттаҳида имкони ҷойгир кардани пойгоҳҳои низомиро дар ҷумҳуриҳои ҳамсояи Афғонистон меомӯзад
ДУШАНБЕ, 13 май - Sputnik. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имконоти истиқрори пойгоҳҳои низомӣ дар Осиёи Марказиро пас аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон баррасӣ мекунад.
Дар ин бора Дэвид Ҳелвӣ, ёвари вазири дифоъ оид ба амният дар уқёнусҳои Ҳинду Ором зимни як ҷаласа дар Кумитаи хадамоти мусаллаҳи Маҷлиси Намояндагон изҳор дошт.
Чунин тадбир барои муқобила бо террористон дар қаламрави Афғонистон омӯхта мешавад.

"Мо мехоҳем роҳҳои нигоҳ доштани қобилияти ҳарбӣ ва иктишофӣ дар минтақаро таҳқиқ кунем ва таҳдидҳоро боздорем", - гуфт Ҳелви, дар мавриди ҷойгиркунии пойгоҳҳои ИМА дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Вай инчунин илова кард, ки роҳбарияти низомии ИМА инчунин умедвор аст, ки қобилияти парвоз дар болои Афғонистонро нигоҳ медорад.
Батальон НАТО, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Ҳаққи Тоҷикистон барои додани ҳудуд ба низомиёни ИМА: шарҳи Сайфулло Сафаров
Ҳамзамон, намояндаи Пентагон қайд кард, ки созишномаҳои мушаххас бо ҷумҳуриҳои минтақа дар бораи ҷойгиркунии пойгоҳҳои амрикоӣ ба даст наомадаанд.
"Мо бо ҳеҷ кадоме аз ин кишварҳо созишнома надорем. Аммо мо тамоми имконотро кор карда истодаем", - гуфт Ҳелви.
Қаблан рӯзномаи амрикоии Wall Street Journal навишта буд, ки пас аз хуруҷ аз Афғонистон ИМА метавонад нерӯҳояшро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мустақар кунад, дар ҳоле ки ҳанӯз созишномаҳо вуҷуд надоранд.
Ба гуфтаи баъзе аз кормандони низомӣ ва намояндагони маъмурияти президент, Ҷо Байден, роҳи беҳтарин мустақар кардани нерӯҳо дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон хоҳад буд, ки бо Афғонистон марзи муштарак доранд.
Ин имкон медиҳад, ки дар ҳолати зарурӣ зуд ба кишвар ворид шуд.
Аммо манбаҳо гуфтанд, ки бо назардошти "ҳузури бузурги низомии" Русия ва афзоиши нуфузи Чин, таъсиси пойгоҳҳо дар ин ҷумҳуриҳо душвор аст.
Лентаи хабарҳо
0