Лавров ба Душанбе меравад

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузаштан ба хазинаи аксВизит главы МИД России С. Лаврова в Финляндию
Визит главы МИД России С. Лаврова в Финляндию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар нишасти вазирони корҳои хориҷии СПАД дар Душанбе иштирок хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 13 май - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД, ки рӯзи 19 май дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат меварзад.
Дар ин бора намояндаи расмии ВУХ Русия Мария Захарова зимни брифинг изҳор дошт.
"19 май дар Душанбе вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат хоҳад кард", - гуфт вай.
Захарова ёдовар шуд, ки соли 2021 Тоҷикистон СПАД-ро раисӣ мекунад. Ба ғайр аз ҷумҳурӣ, ба ин созмон боз панҷ давлати дигар, яъне Русия, Қазоқистон, Арманистон, Беларус ва Қирғизистон шомиланд.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Лавров хостори иҷрои қатъии созишҳои Тоҷикистону Қирғизистон шуд
Ба гуфтаи вай, намояндагони кишварҳои СПАД оид ба ҳолат ва дурнамои рушди вазъияти байналмилалӣ бо арзёбии таъсири он ба амнияти кишварҳои узви созмон, инчунин рушду таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба мубодилаи афкор мекунанд.
Вазирони корҳои хориҷӣ қарорҳоеро, ки дар иҷлосияи тирамоҳии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД пешниҳод мешаванд, ташвиқ хоҳанд кард.
"Интизор меравад, як қатор изҳороти муштарак оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ, инчунин дар бораи ҳамкории СПАД бо давлатҳои манфиатдор, ташкилотҳои байналмилалӣ қабул карда шаванд", - илова кард Захарова.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала