Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Манижа дар Роттердам бо забони тоҷикӣ суруд хонд - навор

© Eurovision Song ContestПевица Manizha
Певица Manizha - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Обуна шудан
Манижа Сангин, ки имсол аз номи Русия дар "Евровидение - 2021" баромад мекунад, зимни нишасти хабарӣ бо забони тоҷикӣ замзама кард
ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Навор аз нишасти хабарӣ дар Роттердам бо ҳузури Манижа Сангин, ки бо забони тоҷикӣ замзама кард, ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.
"Ман наметонам, бе ту наметонам, ҷонам", - замзама кард Манижа ва аз кафкӯбиҳои дар толор нишастагон маълум буд, ки ин вожаҳо сахт писандашон омадааст.
Ин вожаҳои тоҷикӣ аз суруди машҳури Манижа бо номи "Мама" мебошад, ки соли 2017 дар YouTube нашр шуд ва соли 2019 ба ин суруд намоҳанг сабт карда шуд.
Дар он ҳаёти духтараке инъикос мешавад, ки доим падараш модарашро шиканҷа мекунад.
Худи Манижа дар шарҳи ин намоҳанг изҳор дошт буд, ки дар роҳи мубориза бо зӯроварӣ нисбати занон дар хонаводаҳо клипро сабт кардааст. Аз намоҳанги "Мама" дар Ютуб бештар аз 2 миллион нафар тамошо кардаанд.
Вожаи тоҷикӣ дар ин сурудро Манижа ду маротиба такрор мешавад.
Ин овозхони зодаи Тоҷикистон ба ғайр аз суруди "Мама" боз дар ду суруди хуз вожаҳои тоҷикиро ба кор бурдааст.
Аз ҷумла дар суруди "Ваня", вожаи "ҷони бобош" ва дар суруди "Недославянка" , вожаи "Ё Аллоҳ" ва "Ё бача ту маро гӯш кун" - ро истифода намудааст.

Манижа дар Евровидение - 2021

Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори Русия мебошад, ки бо суруди Russian Woman дар давраи интихоби миллӣ намояндаи кишвар дар Евровидение интихоб шуд.
Интихоби намоянда аз Русия тариқи раъйдиҳӣ зимни пахши мустақим тариқи шабакаи аввали телевизион рӯзи 8 март сурат гирифт. Аммо, на ҳама номзадии Манижаро ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение дастгирӣ карданд.
Ҳамин тавр, интихоби сароянда ва суруд ҳам аз ҷониби сиёсатмадорон ва ҳам бисёри мунаққидон ва продюссерҳо зери интиқод қарор гирифт.
Певец Михаил Шуфутинский  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
"Ин суруд нест": интиқоди Шуфутинский аз суруди Манижа барои Евровидение - 2021
Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Озмунро аз 18 то 22 май Ротердам мизбонӣ менамояд.
Пеш аз эълони натиҷаҳои интихоби миллӣ, букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-ро барои Русия пешгӯӣ мекарданд. Пас аз тасвиби Манижа ва муаррифии суруд, имкони пирӯзии кишвар дар озмун коҳиш ёфт - дар тӯли як рӯз мавқеъ ба 10-ум иваз шуд.
Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад. Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид. Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman барои Eurovision - 2021" беш аз 9 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд.
Ҳамроҳи Манижа суруди "Зани рус" - ро чор бэк-овозхон - ду мард ва ду зан месароянд.
Лентаи хабарҳо
0