Маркази муҳоҷират дар Маскав ҷадвали додани патентро тағйир дод: муҳоҷир бисёр шуд

© Sputnik / Денис Гришкин / Гузаштан ба хазинаи аксПосетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы
Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Маркази муҳоҷирати Маскав дар Сахарово аз рӯи ҷадвали нав ба кор шурӯъ кард: дар кадом рӯзҳо патент гирифтан мумкин аст?
ДУШАНБЕ, 13 май - Sputnik. Шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд аз соати 08:00 то 20:00 дар Маркази муҳоҷирати Москва воқеъ дар Сахарово барои гирифтани патент муроҷиат кунанд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар пойтахт хабар дод.
Кормандони муассиса ҳуҷҷатҳоро ҳар рӯз, бидуни танаффуси нисфирӯзӣ, истироҳат ва таътил қабул мекунанд.
Ғайр аз ин, барои роҳати шаҳрвандони хориҷӣ, суръат бахшидани хизматрасонӣ, пешгирӣ аз навбат ва нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ, дар назди марказ равзанаҳои иловагӣ кушода шудаанд.
Тағйироти нархи патент барои муҳоҷирон дар Русия дар соли 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2021
Тағйироти нархи патент барои муҳоҷирон дар Русия дар соли 2021
Вазорати корҳои дохилӣ қайд кард, ки чунин чораҳо бинобар афзоиши шумораи муҳоҷирон, ки мехоҳанд ҳуҷҷат супоранд, андешида шуданд.
Талотуми шаҳрвандони хориҷӣ бо ба итмом расидани қонуни президенти Русия Владимир Путин, ки мӯҳлати будубоши муваққатӣ ё иқомати доимиро дар Федератсияи Русия то 15 июн тамдид кардааст, ба амал омадааст.
Таҳдиди депортатсия издиҳоми муҳоҷиронро аз аввали моҳи май маҷбур кард, ки пушти дарҳои Маркази муҳоҷират пур шаванд.
Бисёре аз онҳо инчунин аз он шикоят мекунанд, ки аз фосилаи дур фаҳмида наметавонанд, ки онҳо ба рӯйхати гирандагони квотаи РВП ва ё Иҷозатномаи муваққатии зист дохил шудаанд ё на. Хизматрасонии мазкур танҳо бо ташрифи рӯ ба рӯ ба муассиса дастрас карда мешавад.
Первый заместитель министра внутренних дел РФ Александр Горовой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Ҳушдори ноиби вазири дохилии Русия аз депорти 247 ҳазор тоҷикистонӣ: муҳлат то 15 июн
Ёдовар мешавем, ки то 15 июн шаҳрвандони бидуни санади тамдид метавонанд бидуни эъмоли таҳримот Русияро тарк кунанд.
Қаблан муовини вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой аз намояндагони кишварҳои ИДМ дархост карда буд, ки бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Русия корҳои таблиғотӣ баранд. Ба гуфтаи ӯ, ин барои пешгирӣ аз ихроҷи онҳо зарур аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала