Чаро барои Пентагон дар Осиёи Марказӣ ҷой нест

© Sputnik / РИА Новости / Гузаштан ба хазинаи аксАмериканские военные инструкторы, архивное фото
Американские военные инструкторы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Ҳузури пойгоҳҳои низомии Пентагон дар Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ харобиовар аст ва инро даргириҳои бешарафи даҳсола дар Афғонистон, Ироқ, Сурия исбот кардааааст.
ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Кӯчонидани фурудгоҳҳои низомӣ ва дигар иншооти низомии Амрико аз Афғонистон ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ё Қирғизистон аз лиҳози сиёсӣ ва амалӣ тақрибан ғайриимкон аст, зеро он мантиқи ҷанг дар Афғонистонро тағйир намедиҳад ва ба нобуд кардани низоми амнияти минтақавии мавҷуда таҳдид мекунад.
Тавре нашрияи The Wall Street Journal навиштааст, Амрико мехоҳад нерӯҳои хориҷшударо аз Афғонистон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мустақар кунад. Қайд карда мешавад, ки ба Пентагон пойгоҳҳо барои низомиён, ҳавопаймоҳои бесарнишин, ҳавопаймоҳои бомбаандоз ва тӯпхонаҳо лозим аст. Кишварҳои ҳамсояи шимоли Афғонистон ва давлатҳои Халиҷи Форс ҷойи эҳтимолии ташкили пойгоҳҳо дониста мешаванд. Ба назар чунин мерасад, ки ба Бишкек, Душанбе, Тошканд ва Нур-Султон аз Вашингтон дархостҳои расмӣ равон нашудааст. Аммо, нашри иттилооти “тасодуфӣ” дар ВАО-и Амрико мояи нигаронии ҷамъиятӣ ва сиёсии минтақа шуд.
Вазорати дифои Ӯзбекистон расман хабар дод, ки доктринаи мудофиавӣ, Конститутсия ва консепсияи сиёсати хориҷии кишвар аз соли 2012 ҷойгиркунии пойгоҳҳо ва иншооти ҳарбии хориҷиро дар қаламрави ҷумҳурӣ пешбинӣ накардааст. Мавқеи Вазорати дифои рушан аст, аммо тасмими сиёсӣ дар Тошканд дар дигар ҷой қабул карда мешаванд. Дар ҳолати зарурӣ, пойгоҳи низомии хориҷӣ метавонад, барои мисол маркази муштараки омӯзишӣ ё логистикӣ номида шавад.
Американские военнослужащие у транспортного самолета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Вокуниши Хадамоти иктишфии Амрико аз хуруҷи низомиёни ин кишвар аз Афғонистон
Сафари 9 майи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия (ягона раҳбари кишварҳои ИДМ, ки дар Паради Ғалаба дар Маскав иштирок кард) як фурсати гуфтугӯ бо президенти Русия Владимир Путин дар мавзӯъҳои Афғонистон (пас аз Амрико) низ буд. Тоҷикистон бо Афғонистон дарозтарин марз дорад. Барои Пентагон дар наздикии дарёи Панҷ, дар масофаи кутоҳе аз минтақаҳои шимолии Афғонистон, "пойгоҳ барпо кардан" писанд аст. Аммо, Тоҷикистон узви СПАД мебошад; пойгоҳи низомии 201-и Русия дар қаламрави ҷумҳурӣ ҷойгир шудааст. Ғайр аз ин, дар ин ҷо низоми оптикӣву электронии Русия "Окно-М" ҷойгир аст, ки қодир аст тақрибан дар тамоми фазои сайёраро назорат кунад. Ҳамаи ин унсурҳои стратегии таъмини амнияти кишварҳои СПАД ва дарвоқеъ - хатти пеши Русия мебошанд, ки Иёлоти Муттаҳида нисбати он сиёсати ошкорои душманона нишон медиҳад.

Нозукии Шарқ

Дар арафаи паради Рӯзи Ғалаба дар Майдони Сурх, президенти Русия Владимир Путин раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар Кремл ба ҳузур пазируфт. Сӯҳбате сурат гирифт, ки дар ҷараёни он сарони давлатҳо "аз вазъи Афғонистон изҳори нигаронӣ карданд." Эҳтимол аст, ки тарафҳо инчунин нақшаҳои Вашингтонро барои интиқоли нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон баррасӣ карданд. То ҳол, мо танҳо дар бораи қарорҳои қабулшуда тахмин мезанем.
Совместные военные учения вооруженных сил Грузии и США Достойный партнёр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Ӯзбекистон ба Амрико иҷозаи сохтани пойгоҳи низомиро намедиҳад
Аз тарафи дигар, ёдраскунии доимии The Wall Street Journal дар моҳи май дар бораи эҳтимолияти истиқрори артиши Амрико баъд аз хуруҷаш аз Афғонистон дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки Вашингтон ният дорад, пойгоҳи низомии Амрикоро ҳадди ақалл дар яке аз кишварҳои дар боло зикршуда ҷойгир намояд. Новобаста аз ҳузури назарраси низомиёни рус дар минтақа ва ҳамсоягии Чин (Вашингтон бо Чин ҳам равобити чандон хуб надорад). Манбаи расмии нашрияи амрикоӣ қайд мекунад, ки омилҳои охирин бекор намешаванд, балки "нақшаҳои ҷойгиркунии пойгоҳҳо дар Осиёи Марказиро мушкилтар месозанд."
Рӯзномаи Ню-Йорк Таймс охири моҳи апрел хабар дод, ки Пентагон, хадамоти ҷосусии Амрико ва шарикони ғарбӣ имконоти интиқоли нерӯҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистонро баррасӣ хоҳанд кард. Ҳоло маълум нест, ки ба кадом далел Қазоқистонро дигар манбаъҳои The Wall Street Journal зикр намекунанд. Масалан, то ҳол дақиқи нест, ки намояндаи махсуси ИМА дар Афғонистон Залмай Халилзод дар музокироти моҳи апрел дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар бораи чӣ суҳбат доштанд.
Ёдрас мешавем, ки як ҳайати Пентагон бо роҳбарии генерал Дюк Пирак бо сафари корӣ дар Ӯзбекистон ҳузур дошт. Таваҷҷӯҳи Пентагон ба ҷумҳурӣ дерина ва гуногунҷабҳа мебошад. Амрико мехоҳад рӯйдодҳои низомӣ ва сиёсиро дар минтақа назорат кунад. Ӯзбекистон ҳамчун як платформаи муборизаи мустақим ва ғайримустақими Иёлоти Муттаҳида бар зидди нуфузи Русия ва Чин хидмат мекунад.
Патруль военных в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2021
Wall Street Journal: Амрико дар Тоҷикистон пойгоҳ сохтанист, аммо аз Русия ва Чин метарсад
Пентагон ва ҳшариконаш Афғонистонро тарк мекунанд, ки дар он муқовимати мусаллаҳонаи нерӯҳои ҳукуматӣ бо Толибон (новобаста аз гурӯҳҳои дигари террористӣ) шиддат гирифтааст. Таърихи мубориза бо ҷанҷӯёни муҷоҳид анҷом наёфтааст. Амрикоиҳо саросемавор Афғонистонро тарк доранд, то ки ҳузури худро дар наздикии ин кишвар ҳифз кунанд. Вашингтон дарк мекунад, ки ҷанги Афғонистон то ҳол ба Амрико ва шариконаш таъсири бад мерасонад ва кушиш дорад низомиёнашро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол диҳад. Айни замон, Пентагон ҳадафҳои дарозмуддати худро амалӣ мекунад.

Ду роҳ ҳали ин масъала дар минтақа

Қаблан раиси Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико генерал Марк Миллӣ дар бораи шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ пешгӯӣ карда буд: "Ин ҷо ман танҳо ду роҳро мебинам: роҳи бад ё хеле бад".
Артиши 350 ҳазорнафарии афғон, ки аз ҷониби амрикоиҳо омӯзонида, мусаллаҳ ва муҷаҳҳаз карда шудааст, қодир нест, ки ба тақрибан 50 ҳазор "ҷангҷӯёни" Толибон ва Давлати исломӣ муқовимат кунад *. Тайи як ҳафтаи охир шиддати ҷангҳо дар Афғонистон афзоиш ёфт, ки дар ҷараёни он 211 низомӣ ва 15 ғайринизомӣ кушта шуданд. Ҳамзамон 315 ҷангҷӯ кушта шуд.
Аз ҳама ҳамлаи даҳшатноки ҷангҷӯёни Толибон ба минтақаи Бағлонӣ- Марказӣ дар шимоли вилояти Бағлон буд, ки дар он шаш пойгоҳи низомӣ ва ҳафт дидбонгоҳи ҳукуматиро забт карданд (зиёда аз 100 сарбоз ба Толибон таслим шуданд). Ҷангҳои шадид дар музофотҳои Вардак, Ғазнӣ, Ҳилманд ва Кундуз низ сурат гирифтанд. Бояд гуфт, ки шумор ва сифатӣ ҷангҷӯён (таҷрибаи ҷангӣ ва силоҳ) ба муҷоҳидон имкон медиҳад, ки берун аз Афғонистон ҳам амалиёт анҷом диҳанд.
Американские военные медики, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Сиёсатшинос: Амрико имкони ҷойгир кардани пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистонро надорад
Ахиран маълумот дар бораи ҳамла ба марзбонони Покистон ва низомиён аз қаламрави Афғонистон нашр шуд. Дар як ҳамла дар вилояти Балуҷистон се марзбони Покистон кушта шуд. Амалиёти махсуси ҷустуҷӯӣ натиҷа надод. Покистон бар онаст, ки фаъол шудани ҷангҷӯён бо хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон рабт дорад. Далелҳои хеле ташвишовар барои кишварҳои Осиёи Марказӣ.
Дар робита ба нақшаҳои минтақавии Вашингтон оид ба дастгирии низомӣ ба ҳукумати Афғонистон аз қаламрави Тоҷикистон ё Ӯзбекистон то ҳол возеияти комил вуҷуд надорад. Аммо табиист, ки саволе ба миён меояд: агар Пентагон ва ҳампаймонҳои НАТО тайи 20 сол дар ҷанг бар зидди Толибон мустақиман дар қаламрави Афғонистон ба муваффақият ноил шуда натавонанд, пас аз "кӯчонидан" -и нерӯҳои Амрико ба Осиёи Марказӣ чӣ тағир хоҳад ёфт ? Шояд Афғонистон танҳо баҳонае барои боқӣ мондан дар минтақа барои "боздории" Русия ва Чин бошад. Чунин сиёсати нооромкунанда барои кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёр хатарнок аст.
* - гурӯҳи террористие, ки дар Русия манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала