Путин омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистонро нокифоя хонд

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин выступил на сессии онлайн-форума "Давосская повестка дня 2021"
Президент РФ В. Путин выступил на сессии онлайн-форума Давосская повестка дня 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ба ҳукумати кишвараш супориш дод, ки омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистонро фаъолтар гардонанд
ДУШАНБЕ, 13 май - Sputnik. Путин дастгирии омӯзиши забони русӣ дар кишварҳои хориҷи наздикро нокифоя хонд.
Ин нуктаро Владимир Путин дар ҷаласа бо аъзоёни ҳукумати кишвараш таъкид кардааст.

"Он иқдомҳое, ки имрӯз анҷом дода мешавад, нокифоя ҳастанд" - гуфт Путин.

Инчунин, президенти Русия қайд кард, ки барои фаъолсозии бештари омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон ҳукумат бояд пешниҳодҳо ироа намояд.
Ин вазифа ба зиммаи вазири маорифи Русия Сергей Кравтсов вогузор шуд.
Президент России Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Пешниҳоди Владимир Путин ба ҷоизаи Нобел
Қобили зикр аст, ки дар соли хониши 2020-2021 дар мактабҳои Тоҷикистон 50 нафар омӯзгорони Русия машғули коранд.
Сохтмони мактабҳои мазкур дар доираи Созишномаи байниҳукуматӣ байни Русия ва Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2019 амалӣ мешавад.
Дар чаҳорчӯби ин қарордод аз ҷониби ҳукумати Русия барои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳои таҳсилоташон бо забони русӣ дар маҷмӯъ ҳудуди 30 миллион доллар ҷудо карда мешавад.
Ёдрас мешавем, ки 5 мактаби русзабон, дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохта мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала