Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳамдигарро ба Иди Рамазон табрик карданд

© Пресс-служба президента РТПрезидент РТ Эмомали Рахмон и президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев, архивное фото
Президент РТ Эмомали Рахмон и президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Боз як гуфтугӯи телефонии раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев якдигарро бо Иди Рамазон табрик гуфта, ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд.
"Дар ҷараёни суҳбат роҳбарони ду давлат дар фазои дӯстӣ ба муносибати фарорасии иди мубораки Фитр бо таманниёти некӯаҳволӣ, сулҳу субот ва шукуфоӣ унвонии мардумони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мубодилаи табрикоти самимӣ намуданд", - афзудааст манбаъ.
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо изҳори қаноатмандӣ раванди рушди босуръати муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиғаи шарикии стратегӣ таъкид кардаанд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Раҳмону Тоқаев Иди Фитрро ба ҳамдигар табрик ва дидори қарибулвуқӯяшонро баррасӣ карданд
Дар ин зимн ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам ғанитар гардидани онҳо бо мазмуну мӯҳтавои нави амалӣ дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ, ки баргузориашон дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст, изҳори итминон намуданд, афзудааст котиботи президент.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти суҳбат ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи мубрами минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн муҳокима гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала