Раҳмону Тоқаев Иди Фитрро ба ҳамдигар табрик ва дидори қарибулвуқӯяшонро баррасӣ карданд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 13 май - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар оғози суҳбат ҷонибҳо ба муносибати фарорасии Иди мубораки Фитр мубодилаи табрикоти гарм намуда, ба мардумони ду кишвар некӯаҳволӣ ва сулҳу шукуфоӣ орзу карданд.

"Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин аҳамияти мулоқоти қарибулвуқӯи сатҳи олиро ба манзури густариши самарабахши минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Қазоқистон таъкид намуданд", - афзудааст манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, зимин суҳбати президентҳо изҳори боварӣ карда шуд, ки бо саъйю талошҳои муштарак ҳамкории самараноки миёни ду кишвар дар оянда низ идома хоҳад ёфт.
Ҷонибҳо инчунин баъзе ҷанбаҳои масъалаҳои байнлмилалӣ ва минтақавиро мавриди муҳокима қарор доданд, навиштааст котиботи раисиҷумҳур.
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев (слева) и президент Таджикистана Эмомали Рахмон на церемонии фотографирования глав государств - членов ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Тоҷикистон ба пешвози президент Тоқаев омодагӣ мебинад
Ёдовар мешавем ин суҳбати сеюми телефонии ҷонибҳо, тайи ду ҳафтаи ахир буда, президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев рӯзҳои 19-20 май ба Тоҷикистон ташрифи расмӣ меорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала