Вазорати фарҳанг террори мактаби духтарона дар Кобулро маҳкум кард

Страны мира. Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон амалкарди гурӯҳи террористӣ, ки ба дабистони духтарона дар Кобул ҳамла карда, 85 нафарро кушт, маҳкум кард
ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Ба дунболи ирсол шудани номаи тасаллият аз номи кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисиҷумҳури Афғонистон бинобар террор дар мактаби Кобул, аҳли фарҳанги Тоҷикистон низ ин амали ваҳшиёнаро маҳкум намудааст.
Дар хабари котиботи вазорати мазкур омадааст, ки "аҳли фарҳанги Тоҷикистон дар қатори мардуми мутамаддин ва сулҳпарвари ҷаҳон ин амали ваҳшиёна ва ғайриинсониро бо нафрату адовати бепоён маҳкум менамояд".
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
Афғонистон хун мегиряд: тобути 63 хонандаи ғӯрамаргро дар як теппа пайи ҳам дафн карданд
Ёдовар мешавем, ки амали террористӣ ба мадрасаи духтаронаи "Сайид - уш Шуҳадо" дар ғарби шаҳри Кобул рӯзи 8 май ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа дасти кам 85 нафар кушта ва беш аз 150 нафар ҷароҳатдор гардиданд.
Тибқи ахбори расонаҳо аксари қурбониёни ин ҳодисаи нангин духтарони навраси 11 то 15 сола мебошанд. Ҳамла замоне рух додааст, ки толибилмон аз бинои мактаб ба берун мебаромаданд/
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала