"Сел омад - фирор кунед": 10 тавсияи КҲФ барои наҷоти ҷони худ аз сел

© PixabayСелевой поток
Селевой поток  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Обуна шудан
Сел ногаҳонӣ бо суръати то 10 метр ва бештар дар як сония, бо мавҷи то 15 метр баландӣ ва садои даҳшатафкан ҷорӣ шуда, метавонад соатҳо идома кунад
ДУШАНБЕ,14 май — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон барои коҳиши хатари фаромадани сел ба шаҳрвандон ва меҳмонон 10 тавсия пешниҳод намудааст.

Ба омадани сел чӣ гуна омода бояд шуд?

Маъмулан ҷойҳои селгузар ва селомад аз пеш маълуманд. Мардуми кулли манотиқ медонанд, ки бар асари боронҳои шадид, маҳз дар куҷо сел меояд ва то куҷо меравад.
Пеш аз ба кӯҳ баромадан ин гуна ҷойҳоро омӯзед, ҳангоми боришот аз рафтан ба он роҳҳову пайроҳаҳо ва маҳалҳо худдорӣ кунед.
Аз гирдоби сели пурдаҳшат имкони наҷот амалан номумкин аст. Танҳо метавон аз он фирор кард.
Пеш аз он, ки аз хона хориҷ шавед, аввал ҳама асбобҳои барқӣ ва худи сарчашмаи интиқоли нерӯи барқ ба хонаро хомӯш кунед.
Газ ва хати интиқоли обро низ бандед. Дарҳо ва тирезаҳоро маҳкам пӯшед, ягон сӯрохи обгузарро боз нагузоред, ҳавокашҳоро низ маҳкам кунед.

10 тавсияи КҲФ: ҳангоми омадани сел чӣ бояд кард?

Барои огоҳӣ ва иттилои бештар аз вазъи ҳаво, боронҳои шадид, селҳои эҳтимоливу тармаву ярч ба манбаъҳои иттилоотӣ, аз ҷумла барномаҳои радиову телевизион, сомонаҳои вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таваҷҷӯҳ намоед. Сари чанд вақт ба ахбори ҳавошиносон ошно шавед. Маъмулан сомонаи КҲФ ҳамарӯза аз хатарҳои эҳтимолӣ ҳушдор медиҳад.
Аз ҷӯйборҳо, каналҳои пуроб, ки ба зоҳир ором ҳастанд, дур шавед, зеро ба таври ногаҳонӣ сабабгори омадани сел мешаванд.
Дар оби сел дар ҳоли ҷараён ва ҳаракат роҳ наравед, суръати он мумкин аст боиси барҳам хурдани тавозун ва афтодани ногаҳонии шумо дар оби олуда бо лой шавад.
Ба оби сел ҳаргиз ворид нашавед. Эҳтимол дорад ин сел хати неруи барқро шикаста бошад ва оби сел дорои ҷараёни барқ мешавад, ки барои инсон кушанда аст.
Дар маҳалле, ки сел сарозер шудааст, наистед, ҳарчанд ҳаво боронӣ ҳам набошад, шумо басуръат аз минтақа дур шавед.
Агар барои берун омадан аз минтақа ночор ба гузаштан аз оби селоб ҳастед, барои ҳифзи мувозинати худ ва баррасии умқи замин бо кумаки як чӯбдасте ё асо дар оби сел ҳаракат кунед.
Барои ҳифзи эминии худ ҳангоми омадани сел аз пулҳои чӯбии суст бар рӯи рӯдхонаву ҷӯйборҳо нагузаред.
Дар замони бориши шадиди борон ва эҳтимоли воқеъ шудани сел аз арзу соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, ҷӯйборҳо ва пулҳои он убур накунед ва ба зудиву басуръат минтақаи хатарро тарк намоед.
Агар эҳтимоли ногаҳон омадани сел вуҷуд дорад ва манзили шумо дар сари роҳи сел аст, хеле ба зудӣ муваққатан ба минтақаи амн кӯч бандед.
Ҳаргиз вориди селоб нашавед, зеро оби сел ҳар гуна олудагиҳо дорад, ки бархе метавонанд заҳрогин ҳам бошанд.

Амалҳои баъди анҷом сел

Ба зарардидагон ёрӣ расонед ва ба гурӯҳҳое, ки ба тозакунии роҳҳо, лойобаҳо саргарманд, кумак кунед.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Вокуниши Президент ба марги одамон дар Кӯлобу Ҳисор: дастур ба Расулзода ва генералҳо
Агар худи шумо ҷабрдида бошед, талош кунед то расидани кумаки тиббӣ ёрии аввалинро ба худатон расонед. Ҷойҳои харошхӯрдаи баданатонро бояд озод ва дар ҳолати бардоштагӣ нигоҳ доред, то ҷойе имкон ҳаст, ба ҷойи харошхӯрда ва хушоршуда латтаи тар бандед.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар мешавад, ки агар ба ҳолати фавқулода рӯ ба рӯ шудед ва бароятон кумак лозим аст, пас фавран бо шумораи 112, занг занед.

Сел чист ва чӣ мӯъҷиби селхезӣ мешавад?

Сел – ин омехтаи оби пуршӯр бо ҳамагуна ашёи дигарест, ки сари роҳаш мебардорад, аз ҷумла сангу регу долу дарахт.
Сел маъмулан аз кӯҳҳо, дараҳо ба водиҳо ҷорӣ мешавад ва сари роҳаш ҳар чизе ҳаст, мешӯяд ва бо худ мебарад.
Сели азим бар асари боришҳои пайваставу дурудароз, об шудани барфҳо ва пиряхҳо, рахна гардидани обанборҳо, заминларзаҳо ва вулқонҳо меояд ва он хатари азим дорад.
Мавзеъҳои харобшуда дар паи сел дар Кӯлоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Афзоиши қурбониёни сел дар Кӯлоб: КҲФ ҷасади 9 -ум, пиразани 70 - соларо пайдо кард
Боронҳои пуршиддат муҷиби омадани сел мешаванд ва аз ин ҷойи гурез ҳам нест.
Ҳар сол селҳои харобиавар ба хоҷагиҳо ва сокинони кишвар миллионҳо сомонӣ зарар меоранд. Ҳодисаҳое ҳам зиёданд, ки одамон хонаву ҷой ва ҷони худро ҳам аз даст медиҳанд.
Зарфи ин чанд рӯзи охир боронҳои шадид сабабгори омадани селҳои харобкор дар шаҳру навоҳии кишвар шуданд, ки мутаассифона чандин нафар ҷони худро аз даст доданд.
КҲФ мози апрел дар ҷамъбасти фаъолияти семоҳааш аз 223 ҳолати фавқулода ва фавти 8 тан хабар дода буд.
Таи чанд рӯзи охир дар паи омоданаи сел дар навоҳии гуногуни Тоҷикистон якбора 9 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Лентаи хабарҳо
0