Пас аз суханони Қодиров: Ҳабиби Нав гуфт, Нурмуҳаммадовро пора-пора мекунад

© JEFF BOTTARIХамзат Чимаев
Хамзат Чимаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Размикори шикастнадидаи шветсиягии чечентабор Ҳамзат Чимаев омодагии худро барои мубориза бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов иброз дошт
ДУШАНБЕ, 14 мая — Sputnik. Ҳамзат Чимаев, ҳангоми пахши мустақим дар Instagram- и сарвари Чеченистон, Рамзан Қодиров шарҳе гузошта, аз омодагияш ба рақобат гуфт, навиштааст РБК.
Чимаев, маъруф ба Ҳабиби Нав, ваъда дод, ки пас аз суханони Қодиров, Нурмуҳаммадовро "мешиканад".

"Мо ӯро пора-пора мекунем, агар ӯ бихоҳад", - чунин навшта буд, Чимаев ҳангоме ки Қодиров дар бораи Ҳабиб Нурмуҳаммадов гап мезад.

Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта Рамазон Қодиров, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори шикастнадидаро, лоиҳаи UFC хонда гуфт, омодааст ба ӯ барои рақобаташ бо яке аз размикорони клуби “Аҳмад” чӣ маблағе лозим бошад, пардохт намояд.
Қодиров аз сабки кори ташкилот интиқод карда гуфт: "Ҳамзат барои UFC хеле ҷолиб аст, ӯ як варзишгари фавқулодаест, ки омода аст дар ҳар вазн ва дар ҳама категорияҳо рақобат кунад. Боварӣ дорам, ки Ҳамзат ин камарбандро мегирад".
Ба гуфтаҳои Рамазон Қодиров ва даъвои Чимаев размикори доғистонӣ ҳоло расман посух надодааст.
Ҳамбиб Нурмуҳаммадов 7 апрели соли 2018 бо қарори якдилонаи доварон бар Эл Яквинте размикори амрикоӣ пирӯз шуд ва дар вазни сабук қаҳрамони UFC гардид.
Вай камарбанди қаҳрамонии худро дар набардҳо бо размикори ирландӣ Конор Макгрегор ва размикори амрикоӣ Дастин Поре ва дар моҳи октябри соли 2020 - дар рақобат бо Ҷастин Гетҷии амрикоӣ ҳимоя кард.
Дар охирин набард, ки бо пирӯзии Ҳабиб анҷом ёфт, ӯ ба фаъолияти варзишияш хотима дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала