Ҳазорҳо мушак ва даҳҳо қурбонӣ: дар Исроил ва Фаластин чӣ мегузарад— видео

Вазъият дар Шарқи Наздик шиддат мегирад. Дар рӯзҳои охир беш аз 1,6 ҳазор мушак аз Ғазза ба сӯи Исроил партоб шуд
Аксари онҳо ба шарофати "Гумбази оҳанӣ" гардонида шуданд.
Ҷангҷӯёни ҷунбиши Ҳамос (таҳти назорати Фаластин) рӯзи 10 май ба ҳамлаҳои мушакӣ ва миномётӣ ба қаламрави Исроил шурӯъ карданд.
Шиддати вазъ пас аз кӯшиши мақомоти Исроил барои берун кардани чанд оилаи фаластинӣ аз Байтулмуқаддаси Шарқӣ рух дод.
Харобкорӣ ва сӯхтор: оқибатҳои ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Исроил ва Ғазза
Зарбаҳои мушакӣ қатъ намешаванд, ҳоло дар минтақа задухӯрдҳои азим ба амал омада истодаанд. Дар натиҷа, аллакай даҳҳо нафар ҳалок шуданд ва садҳо нафар маҷрӯҳ гардиданд.
Хабар дода мешавад, ки ҷониби Исроил дар Ғазза амалиёти заминиро ба нақша гирифтааст. Наворҳои даҳшатнок аз ҷойи ҳодиса - дар видеои зер.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала