Фавти падар ва кӯдак дар батн: фоҷиаи хонаводаи Дина Саева - видео

© Dina SaevaДина Саева видео "Коснуться смерти"
Дина Саева видео Коснуться смерти - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Обуна шудан
Маликаи TikTok блогери русиягӣ ва зодаи Тоҷикистон Дина Саева аз ҳаёти шахсияш қиссаи таъсирбахшеро нақл кард
ДУШАНБЕ,14 май — Sputnik. Гаронарзиштарин блогери Русия, Дина Саева видеои кӯтоҳеро нашр кард, ки дар он ӯ ба ҳамвандонаш як қиссаи хеле ғамангез аз ҳаёти шахсии худ нақл кард.
Дина аз номи ровӣ якчанд ҳодисаҳои фоҷиабори ҳаёти худро нақл кард, ки бо даргузашти шахси наздиктарин - падараш, аз даст додани бародари дар батни модараш буда ва депрессияи пас аз ин ҳодисаҳо, алоқаманд аст.
Дар навор блогер аввал аз эҳсосоташ дар бораи модараш нақл мекунад.

"Модари ман кӯдаки дар батнаш бударо аз даст дод. Чӣ гуна аст, эҳсос кардан, ки вохӯрии деринтизор бо тифл ба вуқӯъ намепайвандад", - мегӯяд Дина.

Пас аз як ҳафта боз ба хонаи Дина фоҷиа омад ва "поёни шаби сиёҳ сафед нашуд". Як занги телефонӣ зиндагии ӯро куллан тағйир дод.
"Мадина, падарамон вафот кард", - ин хабар зиндагии Саеваро ба шаби сиёҳ табдил дод.
Отрывок из Тик Ток канала Дины Саевой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Дина Саева бинобар таъқиби ҳамвандон шабакаҳои иҷтимоиро тарк кард
Пас аз он, ки Саева дар бораи даргузашти падараш дар Екатеринбург фаҳмид, дар назди ӯ интихоб буд - ба маросими хоксупорӣ рафтан ё мувофиқи шартнома ба наворгирӣ оғоз кардан.
Ӯ маҷбур буд, дуюмиро интихоб кунад, то хонаводаашро таъмин кунад - чун пас аз вафоти падар, ӯ таъминкунандаи асосии оила шуд. Дар бораи дурустии ин интихобаш то ҳол Дина фикр мекунад.

"Ман бехоб шудам. Танҳо соатҳои 7-8-и субҳ хобам мебурд. Бехобӣ рӯз ба рӯз маро бештар азият медод. Ман ба истеъмоли доруҳои зидди дипрессиявӣ оғоз кардам. Ин кор дер давом накард ва доруҳо ҳам ба ман кумак накарданд", - нақл кард Саева.

Боре ӯ танҳо монд ва худро гум карду гӯиё марг бар ӯ ғолиб омад, вале пас аз ин ӯ дарк кард, ки зистан бисёр муҳим аст.
Блогер родом из Таджикистана Дина Саева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
TikTok-блогер Дина Саева пас аз табобат ба Байкал рафт: акс
Дар ин навор Дина ҳамроҳи хоҳари хурдиаш Малика намудор мешавад ва дар охир Дина паёми зеринро қироат мекунад:

"Ман зиндагӣ мекунам, ва барои ҳаёт шодӣ менамоям. Атрофи ман дар воқеъ одамони хуби зиёде ҳастанд, ки омодаанд доим маро дастгирӣ кунанд. Маро натанҳо аъзои оилаам дӯст медорад, маро аудиторияи бузургам низ дӯст медорад", - изҳор дошт блогер.

Ва дар ҳақиқат, мухлисон ин дафъа ҳам дар канори блогер буданд. Дар чанд соати аввал ин наворро беш аз 700,000 ҳамванд тамошо кардаанд ва тақрибан 3,5 ҳазор кас зери ин навор бо суханони дастгирӣ, шарҳ навиштаанд.
"Дина, офарин, ки аз ин депрессия мебароӣ. Ҳамааш хуб мешавад! Ва умедворем, ки падаратон бо шумо фахр мекунад", - навиштаанд ҳамвандон.
Лентаи хабарҳо
0